Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Таърихи бонк

Моҳи марти соли 1885 дар шаҳри Хуҷанд аввалин Хазинаи амонатгузорӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза, ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 1900 хазинаҳои мазкур муттаҳид гардонида шуда, Хазинаи давлатии амонатгузорӣ номгузорӣ шуданд.

Соли 1925 Хазинаи давлатии амонатгузорӣ дар назди Комиссариати молияи Тоҷикистон бори нахуст таъсис дода шуд, ки ин таърих чун рӯзи таввалуди БДА ҶТ «Амонатбонк» шинохта мешавад. 

Аз қабили соли 1987 Хазинаи давлатии амонатгузории меҳнаткашон ба Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашон (Сбербанки ИҶШС) ва дар ин замина Хазинаи давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон ба Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашон мубаддал гаштанд ва соли 1990 дар қатори дигар бонкҳои амонатгузории ҷамоҳири Шӯравӣ баъди пош хурдани он, Бонки давлатии амонатгузории меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон моликияти ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон гардид. 

Моҳи январи соли 1992 дар заминаи Бонки амонатгузории меҳнаткашони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд ва 26 ноябри соли 1998 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1123 ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми бонки давлатӣ дода шуда, имрӯз ҳамчун Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар сартосари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он шинохта мешавад.



Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.03.2017