Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк

Муроҷиатномаи Раис

Муҳтарам хонумон ва ҷанобон,

Аз номи Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кулли мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла мизоҷони Бонк, ки ба Амонатбонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ ҳамчун бонки давлатӣ эътимоди зиёд доранд ва ҳамзамон ба шарикони дохилию хориҷии Бонк, дуруду паёми бепоёни хешро мерасонам.

Амонатбонк таърихи беш аз 130 сола дошта, дар гузашта ва имрӯзу фардо ҳам, вазифаи асосии он татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат ва хизматрасонии саривақтию босифат ба мизоҷон мебошад.

Имрӯзҳо Амонатбонк бо шабакаи васеи худ, яъне 75 филиал, 509 маркази хизматрасонии бонкӣ, 232 нуқтаи интиқоли маблағҳо, 34 нуқтаи мубодилаи асъор  ва зиёда аз 2800 нафар кормандон,  ҳамчун даста  ё нерӯи пурқувват ва ниҳоят ба мардум наздик, ба мизоҷон  дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодааст.
Дар ин раванд,  шумораи пасандозгузорони Бонк сол аз сол зиёд шуда, ба 1 млн. нафар расидааст. Теъдоди дорандагони кортҳои бонкӣ бошад,  дар соли 2015  нисбат ба соли 2014     47% зиёд гардид.

Новобаста ба осебпазир гардидани соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар давраи кунунии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дар соли 2015 сатҳи  пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, ҳама уҳдадориҳои Бонк дар назди мизоҷон, хусусан пардохти фоизҳои пасандозҳо ба аҳолӣ саривақт ва бемамоният иҷро гардиданд.  

Афзоиши сармояи Бонк, фаъолияти пурсамар дар самти ҷалби мизоҷон, иштирок дар барномаҳои маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки ҳаҷми қарзҳои пешниҳодгардида нисбати соли 2014 ба андозаи 53% зиёд гардад.

Муносибатҳои  Бонк бо шарикони хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, ки сарчашмаи нисбатан арзон барои пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон ба ҳисоб меравад, вусъат ёфта истодааст. Дар натиҷа Бонк аз оғози ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар 62 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст. Ин маблағҳо асосан барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат, ҷиҳати кишту коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли молу маҳсулотҳои воридотивазкунанда пешниҳод гардиданд.

Дар натиҷаи равона намудани маблағҳои қарзии Амонатбонк ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат, дар соли 2015   2 200 нафар аҳолии кишвар бо ҷойҳои  нави кории доимӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки он бевосита ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамояд.

Амонатбонк ҷиҳати боз ҳам бештар гардонидани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ дар самти қарздиҳӣ чораҳои ҳамешагӣ андешида, сиёсати қарзии худро дар соли 2015  таҷдид намуд. Дар доираи он вобаста ба талаботи имрӯзаи муштариён, Бонк маҳсулотҳои нави қарзиро таҳия ва пешниҳод намуда истодааст, ки дар таркиби ҳар як маҳсулоти таҳияшуда, хусусиятҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст.

Дар идомаи татбиқи ин мақсад, Амонатбонк фоизи пешниҳоди маблағҳои қарзиро нисбат ба соли 2014   6 банди фоизӣ кам намуда, муҳлати пардохти онҳоро аз 2 то 3 сол  дароз намуд. Пешниҳоди чунин тартиб ба манфиати муштариён буда, заминаи мусоид барои рушди соҳаи истеҳсолӣ ва болоравии эътимоди мизоҷон ба низоми бонкии кишвар мебошад.

Инчунин, Амонатбонк ба муштариён қарзҳои хурди  “Судманд”-ро бо хусусияти фаврият ва ниҳоят соддашудаи ҳуҷҷатгузорӣ, яъне дар асоси пешниҳоди маълумотнома оид ба  ҳаҷми музди меҳнати моҳона ва кафил, тавассути филиалҳои Амонатбонк дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба кормандони соҳаи маориф, соҳаи тиб, нафақагирон ва умуман дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми кишвар пешниҳод намуда истодааст.

Ҳамзамон бо ин, Бонк бо мақсади дастгирии сатҳи иҷтимоии мардуми ҷумҳурӣ, хусусан кормандони соҳаи буҷетӣ, қарзҳои овердрафтиро тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ба роҳ мондааст, ки истифодабарии он хело қуллайю дастрас мебошад.

Иқдомҳои Амонатбонк дар оянда ҳам, ҷиҳати болоравии эътимоди мардуми кишвар ба низоми бонкӣ бо роҳи дастрасии бештари маблағҳои қарзӣ ба мизоҷон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва умуман саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар  идома меёбанд.

Итминон дорем, ки ин иқдомҳо то андозае дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар  мусоидат хоҳанд намуд.

Бонк дар соли 2015  дар маҷмӯъ бо 5654 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути  кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ ба роҳ монд, ки нисбат ба  соли  2014    1254 адад  ё  29% зиёд мебошад.

Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, шумораи 434 ҳазор ё 70,3%-и нафақагирони мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар 44 филиалҳои Бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба хизматрасонӣ тавассути кортҳои бонкӣ фаро гирифта шуданд. Имрӯзҳо кортҳои нафақагирони 8 филиали Бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо шумораи умумии 95,7 ҳазор нафар омода аст ва дар рӯзҳои наздик дастраси нафақагирон гардонида мешаванд. Дар боқимонда 17 филиали Бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ,  ин иқдом тибқи нақшаи пешбинишуда  дар  соли 2016 амалӣ карда шуда, ин лоиҳа ба пуррагӣ ба итмом расонида мешавад.

Бонк бо мақсади танзими муомилоти нақдӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ҳамзамон барои хело қулай пардохт намудани арзиши молу маҳсулоти харидоришуда, терминалҳои худро дар 95 нуқтаҳои савдо  насб намудааст.
   
Ҷиҳати татбиқи пурраи ин иқдомҳо, Амонатбонк нақша дорад, ки дар оянда заминаи техникии худро боз ҳам мустаҳкам намуда, барои хизматрасонии саривақтии мизоҷон маркази фардикунонии кортҳои пардохтии бонкиро ташкил намояд.
Дар ин раванд, Амонатбонк баҳри иҷроиши  дастуру  супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти қарзии худро дар 5 соли оянда ҳам, тибқи “Консепсияи рушди БДА ҶТ “Амонатбонк” барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати дастрасии маблағҳои қарзӣ, хусусан дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар  идома медиҳад.
       
Бо вуҷуди идома доштани тамоюлҳои манфии солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” фаъолияти молиявии худро дар соли ҳисоботӣ бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуд.  
     
Дар соли 2015  даромади Бонк то  андозбандӣ 48,9 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 30 млн. сомониро ташкил намуд,  ки  нисбат ба соли 2014    13% зиёд мебошад.

Дороиҳои Бонк дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ба андозаи 39%, пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 47% ва сармояи умумии Бонк 12% афзудааст.    
     
Дар хотима гуфтаниям, ки Бонк минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бомуваффақият татбиқ намудани нақшаҳои стратегӣ,  мустаҳкам намудани мавқеи худ дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва кам намудани хавфҳои бонкӣ идома медиҳад.

Инчунин  барои   дар    сатҳи  баланди  сиёсию  фарҳангӣ   таҷлил   намудани 25 солагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон ва гузаронидани ҷаласаҳои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай чораҳои зарурӣ  меандешад.

Ман сидқан миннатдории худро ба шарикон ва мизоҷони Бонк барои боварӣ ва дастгириашон иброз намуда, ба идомаи ҳамкориҳои судманд умедворам.


Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”
Ҳакимзода Руҳулло Абдулғанӣ

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.10.2017