Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
29 декабри 2016
Кумаки хайриявии БДА ҶТ «Амонатбонк» дар арафаи Соли нави мелодӣ

img

Роҳбарияти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк»  вобаста ба ҳама ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ иқдоми кумаки хайриявӣ намудан ба муҳтоҷон ва ниёзмандонро дар мадди аввал мегузорад. Оғоз аз соли 2007 БДА ҶТ «Амонатбонк» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарпарасти мактаб –парваришгоҳ барои кудакону наврасони рақами 1-и шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рудакӣ таъин гардидааст. Аз он дам то имрӯз БДА ҶТ«Амонатбонк» ҳамеша бо талабу дархости маъмурияти ин муассисаи таълимӣ ҷиҳози хониш ва хурокаю, пӯшока ва дигар амволи марбут ба сохтмону хобгоҳро ҳамчун кумак бурда мерасонад. Имрӯз дар арафаи таҷлили Соли навӣ мелодӣ барои болида гардонидани рӯҳу табъи кудакон боз аз ҷониби Бонк ба маблағи беш аз 13000 (сездаҳ ҳазор) сомонӣ тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки Бонк дар соли 2016 ба ин мактаб-парваришгоҳ  ба маблағи беш аз 45 000  (чиҳилу панҷ ҳазор) сомонӣ  кумакҳои гуногун бурда расонидааст.  Шумораи умумии толибилмон дар ин таълимгоҳ 1400 нафарро дар бар мегирад, ки аз ин 190 нафарашон ятимони кулл ва аз оилаҳои бесарпаноҳ мебошанд.

  


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.02.2017