Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 январи 2017
Ҷаласа бобати моҳият ва аҳамияти Паёми навбатии Пешвои миллат дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи калони Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Бонк ва сардорони филиалҳои шаҳрии бонк бобати моҳият ва аҳамияти  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди чоруми кишвари мо барои эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ҷаласа баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа сароғоз Раиси Раёсат ҳозиринро хайрамақдам намуда перомуни моҳияти Паёми Пешвои миллат ва ҳамзамон иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами кишвар дар соли нави 2017 маърӯза намуданад. Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода иброз доштанд, ки Паём муҳимтарин ҳуҷҷатест, ки стратегияи дохиливу хориҷии кишвар  ва рушди имрӯзу фардои он воқеъбинона таҷассум меёбад ва бешак Паём қутбнамоест, ки тавассути он ҷомеа метавонад имрӯз ва фардои хешро мукаммал созад.  Руҳулло Ҳакимзода зикр намуданд, ки дар Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳимияти масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки оғоз аз соли 2000-ум то ба имрӯз бо ҳалли онҳо ва дар ин самт беҳ намудани вазъи иҷтимоию сиёсии аҳолии кишвар  баръало ҳис карда мешавад. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси Раёсат зикр гардид, ки ҳар як ватандор хуб дарк менамояд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин давра тамоми саъю талоши худро барои иҷрои се ҳадафи стратегии кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар сохт. Амалисозии барномаҳои қабулгардида имкон доданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд шавад. Раиси Раёсат иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ иброз доштанд, ки даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтаанд. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзудааст. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣдар кишвар гардид. Дар даврони Истиқлолият аҳолӣ ҳамасола дуюним фоиз афзоиш ёфта, 1,6 баробар зиёд шуда, яъне аз панҷуним миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расид, вале дар баробари ин, сатҳу сифати зиндагии мардум хеле беҳтар гардида, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 73,5 сол боло рафт. Рушди босуботи кишвар шаҳодат аз он аст, ки дар воқеъ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. 
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки «таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем». Соли 2016 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳдошташуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардида, сатҳи таваррум 6 фоизро ташкил дод.
Бояд қайд намуд, ки аз Паём то Паём ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Амонатбонк новобаста ба шиддати буҳрон тавонист, ки сатҳи пардохтпазириро, ки дар ин давра яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти низоми бонкӣ ба ҳисоб мерафт, дар сатҳи баланд нигоҳ дорад. Уҳдадориҳои худро сари вақт ва бемамоният дар назди муштариён иҷро намояд. Тавре маълум аст, фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Амонатбонк бо истифода аз тамоми фишангҳо дар ин давраи ниҳоят ҳассоси иқтисодӣ кӯшиш намуд, ки даромади тавозуниро мусбӣ ҷамъбаст намояд ва дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат аз рӯи фаъолияти худ 42,5 млн.сомонӣ  саҳмгузорӣ намояд.  
Раиси Раёсат таъкид доштанд, ки барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои миллат бевосита дар самти фаъолияти мо дар Амонатбонк ҳар нафари  мову Шуморо дар қатори дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастурҳои Роҳбари давлат бо дасту дили поку меҳнати софдилона фаъолият намоем.
Ҳамчунин Раиси Раёсат иброз намуданд, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки нисбат ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар ҳама сохторҳо ба таври ҷиддӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. Дар ин самт ҳар як воҳиди сохтории Бонк, аз ҷумла кормандони марказҳои хизматрасонии Бонкро зарур аст, ки хизматрасониҳои бонкиро дар сатҳи баланд ба мизоҷон пешниҳод намоянд. Сардорони воҳидҳои сохторӣ ва роҳбарияти филиалҳо ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд, то ин ки муоширати хубу этикаи корӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.  
Раиси Раёсат нисбат ба масъалаи ҷалби бештари занон-духтарон ба кор дар Бонк иброз намуданд, ки Роҳбари давлат нисбат ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарҳуқуқии гендерӣ ва зиёд намудани шумораи занон дар тамоми сохторҳо таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар Паёми навбатӣ дастур доданд, ки шумораи занон дар низоми молиявию бонкӣ зиёд карда шавад. 
Имрӯз дар соҳаи Амонатбонк 911 нафар занон фаъолият доранд, ки 37,5%-и  кормандони соҳаро ташкил медиҳанд. Аз он 27 нафар дар сатҳи роҳбарикунанда фаъолият доранд. Мо ин иқдомро соли 2017 низ идома медиҳем ва кӯшиш менамоем, ки шумораи занонро дар соҳа зиёд намоем.
Раиси Раёсат иқдоми Пешвои миллатро перомуни соли  2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намудан иброз доштанд, ки  воқеан ҳам барои дастгирӣ намудани ҷавонон, мутахассисони ҷавону кордони кишвар ин иқдом саривақтӣ ва бамаврид буда ғамхориҳои Пешвои миллатро собит месозад.
Руҳулло Ҳакимзода дар иртибот ба пешниҳоди Пешвои миллат барои эълон гардидани  даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор»  ва дастгирии ин иқдом аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз доштанд, ки ташабусскории Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи бештари Президенти кишвар нисбат ба вазъи тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои табии бахусус об ин воқеъбинона назар кардан ба проблемаҳои глобалии Роҳбари Тоҷикистон аст. Воқеан ҳам имрӯз Тоҷикистон  сарчашмаи 60% оби Осиёи марказиро ташкил медиҳад ва истифодаи оқилонаи оби нушокӣ дар миқёси ҷаҳон проблемаи муҳим ба ҳисоб рафта танҳо истифодаи самараноки он метавонад таъсири мусбии худро ба тағирёбии иқлим гузорад. 
Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаи об ва бори чорум қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Миллалӣ Муттаҳид ин шаҳодат аз он аст, ки дар ҳақиқат имрӯзҳо вобаста ба зиёд шудани шумораи аҳолӣ дар ҷаҳони муосир талабот ба оби ошомиданӣ зиёд гардида истодааст. Аз ҷониби дигар гармшавии глобалиии иқлим, об шудани пиряхҳои азим, вазъи экологии низоми об ва истифодаи самараноки об диққати махсусро талаб менамояд.
Раиси Раёсат дар ҳошияи суханони Пешвои миллат иброз доштанд, ки об ин манбаи ҳаёт аст.  Бинобар ин, ҳар як фардро зарур аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ,  истифодаи самараноки захираҳои об, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масъалаҳои марбут ба об масъулияти дучанд дошта бошад. Вобаста ба ин, Идораи кормандони Раёсати Бонкро вазифадор намуданд, ки  нисбат ба тарғиби даҳсолаи «Об барои рушди уствор» тавассути таҳияи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти матубот ва реклама ва филиалҳои Бонк корро таҳти назорати ҷиддӣ гиранд. Ҳамзамон супориш шуд, ки  насби лавҳаю овезаҳо марбут ба ин масъаларо дар тамоми филиалҳои бонк таҳти назорат гиранд ва инчунин гузаронилдани вохӯриҳо бо олимону коршиносон бобати тағирёбии иқлим ва пешниҳоди саривақтии Пешвои миллат дар филиалҳои Бонк ба роҳ монда шавад.  
Пас аз маърӯзаи Раиси Раёсат ҳозирин андешаҳои худро перомуни супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми солона ва ташабускории Президенти кишвар оид ба қабул гардидани даҳсолаи «Об барои рушди уствор»  иброз намуданд.

  

 

   

 



Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.03.2017