Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 январи 2017
Ҷаласаи тантанавӣ марбут ба Паёми Пешвои миллат дар филиали №23 БДА “Амонатбонк" дар вилояти Суғд

img

Имрӯз, 10 январи соли 2016, дар толори филиали №23 БДА “Амонатбонк" дар вилояти Суғд бо мақсади шарҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, ки дар заминаи пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид, қабул кардааст, ҷамъомад баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи бахши вилоятӣ ва намояндагони масъули филиалҳои бонк аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд. Сарвари бахши вилоятии бонк Ҳокимшоҳ Бобозода оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид дошт, ки Паёми имсола ҳамаи самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил ва вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намудааст. 
Дар ҷамъомад аз ҷумла як қатор кормандони ҷавон муассисаҳои “Амонатбонк оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои дар Паём инъикосшуда ва ташаббуси Пешвои миллат бобати ҷабул шудани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” изҳори назар карданд. Аз ҷумла хосатан таъкид шуд, ки Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар мисли ҳамеша аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Зикр шуд, ки мақсади асосии талошҳои давлат тарбияи наслест, ки дар оянда Ватан ва кишвари худро ҳимоя ва соҳибӣ карда тавонанд. Баромадкунандагон қайд карданд, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз як ҷониб масъулияти мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла низоми бонкии кишварро дар тарбияи кадрҳои ҷавон, фароҳам овардани имкониятҳо барои фаъолияти фарохи онҳо баланд месозад, аз ҷониби дигар ба онҳо дар ҷодаи кору эҷод неруву илҳоми тоза бахшида, эҳсоси масъулиятшиносии онҳоро баланд мебардорад.

  

Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 26.04.2017