Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
31 июли 2017
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Шоҳмансур

img

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ ва пиёдакунандаи сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат имрӯз бо шиори ”Бонки мардумии Тоҷикистон” ҳамарӯза барои некуаҳволии мардум ва ҳалли мушкилоти онон ҳамагуна амалиётҳои бонкиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда миёни низоми бонкии кишвар нақши муассир дорад. Роҳбарияти Амонатбонк ҳамарӯза барои дар амал татбиқ намудани сиёсати кунунии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси худро равона намудааст. Бонк  дар фаъолияти  ҳамарӯзаи худ барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии мардуми кишвар дар баробари фаъолияти бонкӣ, инчунин корҳои ободонию созандагиро баҳри рушди ҷомеа ба анҷом мерасонад, ки яке аз ин амалҳои нек сохтмони иншоотҳою майдончаҳои варзишӣ.

Амонатбонк тибқи банди 5-и нақшаи чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, №9  ҷиҳати сохта ба истифода додани 2 майдончаи варзишӣ дар суроғаҳои кўчаи С.Айнӣ, назди биноҳои 265/2, 265/3-и ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубию шарқии буриши хиёбонҳои Борбад ва Мавлоно Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст ба анҷом расонид. Дар маросими ифтитоҳи майдончаи кўчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ва дигар намояндагони ҳокимияти маҳалли ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд. Дар ин маросим  Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода, муовини Раиси Бахтиёр Маҳмудзода дар якҷоягӣ бо меҳмонон лентаи рамзии кушодашавии ин майдончаи варзиширо буриданд. Ҳамзамон меҳмонон бо истиқоматкунандагони маҳаллаи номбурда вохӯрӣ анҷом дода атрофи тозаву обод нигоҳ доштани ин майдончаҳо ва тозагиву ободии гирду атроф ҳамсуҳбат шуданд. Лозим ба зикр аст, ки майдончаи мазкур бо харҷи 435 ҳазору 856  сомонӣ аз маблағҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” бо гузаронидани озмун аз ҷониби ҶДММ «Бунёдкор С» сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 750 метри мурабаъро дар бар мегирад.




Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 12.12.2017