Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 августи 2017
Ифтитоҳи боз як майдончаи варзишӣ аз ҷониби Амонатбонк

img

Дар ҳошияи супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, БДА ҶТ «Амонатбонк» фаъолияти созандаи худро равона намуда яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишварро ба пеш мебарад. Дар раванди дастовардҳо Бонк инчунин тасмим гирифтааст бо корҳои ободонии Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе саҳми назарраси худро гузорад. Маҳз дастовардҳои молиявии Бонк буд, ки то ба имрӯз обрую эътибори Амонатбонк ҳамчун «Бонки мардумӣ» миёни аҳолии кишвар эътибору нуфузи беандоза пайдо намудааст. Майдончаи истироҳатӣ ва варзишӣ дар ноҳияи Синои Пойтахт ин дувумин мавзеи истироҳатию варзиши барои сокинони як гӯшаи Пойтахт аст, ки аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» сохта ба истифода дода шуд. Ин майдонча дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд шуда аз ин 540 м.м майдончаи варзишӣ ва масоҳати 3210 м.м мавзеи истироҳатӣ барои бошандагони маҳал ва сокинони гирду атроф мебошад. Майдончаи варзишӣ барои сокинон дорои фарши сунъӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бо сифати баланд сохта шудааст. Майдончаи дилхушии кӯдакон ва мавзеи истироҳатӣ бошад, дорои макони роҳатбахш ва соябонҳои мизу курсидор ва мувофиқ ба талаботи шаҳрдорӣ ин маҳалро ҳусни иловагӣ мебахшад. Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинзода ва Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода иштирок доштанд. Пас аз буридани лентаи рамзӣ меҳмонон ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд дода таъкид ба бошандагони маҳал намуданд, ки ин мавзеро бо беҳтарин шароит нигоҳ доштану ҳифз намудан ин ба манфиати худашон ва фарзандонашон мебошад.


Лозим ба зикр аст, ки майдончаҳоро пас аз гузаштан дар озмун, пудратчӣ ҶСК «СТС-Иншоот» ба маблағи 1млн.23 ҳазору 673 сомонӣ аз ҳисоби Бонк сохта ба истифода дод. Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» барои тарғиби ҳаёти солим ва дар амал татбиқ намудани қонуҳои амалкунада фаъолияти худро равона намуда ҳамеша бо мардум ва дар хизмати мардум аст.

20543742_1954340108185284_8081380826197951082_o.jpg20615872_1954340268185268_1732947217722360901_o.jpg20543830_1954340068185288_660421906327560384_o.jpg20545573_1954340128185282_4798919597781487129_o.jpg20545645_1954340161518612_5751799591691847095_o.jpg20615550_1954340021518626_8829938960011726659_o.jpg20615872_1954340268185268_1732947217722360901_o.jpg20626344_1954340204851941_415864488232156160_o.jpg20626440_1954339944851967_1526645395465914483_o.jpg20626623_1954340001518628_601516220897880833_o (1).jpg20643446_1954339978185297_4059600276859040316_o.jpg20643345_1954339911518637_6840976407067177215_o (2).jpg


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 22.08.2017