Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
07 августи 2017
Ҷамъбасти чорабинии варзишӣ ба истиқбол аз Истиқлоли Ватан ва Соли ҷавонон

img

Дирӯз дар майдончаи варзишии Истироҳатгоҳи «Жасмин»-и ноҳияи Варзоб бахшида ба «Соли ҷавонон» ва ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва «Шӯрои ҷавонон»-и Раёсат, бозии футболи хурд байни дастаҳо аз филиалҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон-кормандони Бонк буда, ҳамзамон дар амал татбиқ намудани сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.


Дастаҳои ғолиб миёни дигар филиалҳо дирӯз барои роҳ ёфтан ба давраи нихои, байни Филиали №13–и «Амонатбонк» дар н. Рӯдакӣ ва Филиали №06-и н.Фирдавсии ш. Душанбе баргузор гардид, ки ин вохӯрӣ ба ҳисоби 6-8, ба нафъи дастаи филиали №06-и н.Фирдавсии ш. Душанбе анҷом ёфт. Бозии дуввум байни дастаҳои Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Филиали №10-и «Амонатбонк» дар ш. Ҳисор барои рох ёфтан ба давраи ниманиҳоӣ баргузор гардид, ки бо ҳисоби 4-2 ба нафъи дастаи Раёсат анҷом ёфт. Дар идома барои ишғол намудани ҷойи 3-юм дастаҳои филиали №13 – «Амонатбонк» дар н. Рӯдакӣ ва филиали №10-и «Амонатбонк» дар ш.Ҳисор байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа ҳисоб 3-1 ба нафъи филиали №10-и «Амонатбонк» дар ш.Ҳисор анҷом ёфт. Баъди анҷоми бозиҳои нимниҳоӣ дастаи Филиали №06-и н.Фирдавсии ш. Душанбе ва дастаи Раёсати БДА «Амонатбонк» ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ин қувваозмоӣ ба манфиати дастаи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо ҳисоби 8-3 анҷом ёфт.


Лозим ба зикр аст, ки дар оғози ин чорабинии варзишӣ то фарҷоми он муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода ва мудирони филиалҳои дар боло зикршуда иштирок доштанд. Муовини Раис Бахтиёр Маҳмудзода барои дастахои голиб аз номи Раиси Раёсат туҳфаҳои молию пули тақдим намуданд. Маросими тӯҳфасупорӣ дар фазои тантанавӣ ва бо беҳтарин шароити омодашуда аз ҷониби Истироҳатгоҳи «Жасмин» бо иштироки кормандони филиалҳои ғолиб ва ҳаводорони футболи хурд ҷамъбаст гардид.


Барои ҷойи аввали ин чорабинии варзишӣ Ҷоми «Амонатбонк», туҳфаҳои хотиравӣ ва 3000 сомонӣ, барои аъзоёни даста, барои ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, барои ҷойи сеюм бошад 1000 сомонӣ маблағ пешниҳод гардид. Роҳбарияти Бонк тасмим гирифтааст, ин гуна чорабиниҳои варзиширо то фароварди соли ҷорӣ иловатан баргузор намояд.


img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 22.08.2017