Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 октябри 2017
Таҷлили Рӯзи забон дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.


Сухани ифтитоҳиро дар ҷаласа Раиси Раёсат оғоз намуда ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд. Раис иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, забон ва либоси миллӣ, инчунин номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо мубаддал гардад.



Баъдан намоянда Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова аз фазилат ва таърихи бою ғании забони тоҷикӣ, тамаддуни аҷдодони гузаштаи миллати тоҷик ёдовар шуда аз ашъори шоирону нависандагони адабиёти тоҷик порчаҳои шеър қироат намуданд.


Дар хотима ҷаласа Раиси Раёсат иброз доштан, ки ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат сарчашма мегирад ва инро мо бояд шиори ҳамарӯзаи худ қарор диҳем.


img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.10.2017