Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 январи 2018
Ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”

img

Дирӯз дар толори калони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки васеи намояндагони Дастгоҳи ичроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки милли Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Раёсати Бонк, мудирони ҳамаи филиалҳои Бонк ва сардорони воҳидҳои сохтории Бонк баргузор гардид.


Нахуст Раиси Раёсат меҳмононро хайрамақдам намуда аз фаъолияти Бонк ба ҳозирин маърӯза намуданд.
Раиси Раёсат дар маърӯзаи худ зикр намуданд, ки соле, ки сипари шуд, барои мардуми Ватани азизи мо соли таърихӣ ва хотирмон буд.


Халқи шарафманд ва соҳибхиради мо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан, 20 - солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, 26 -солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 25-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати сазовор ҷашн гирифт.


Руҳулло Ҳакимзода зикр доштанд, ки соли ҳисоботӣ дар ҳақиқат аз ҳама ҷиҳат бисёр соли душвор буд. Идомаи шиддати буҳрон қариб тамоми ҷаҳонро дар тамоми самтҳо фарогир буд ва таъсири он бевосита ба иқтисодиёти кишвар, бахусус дар фаъолияти бонкҳо баръало ҳис карда мешуд.


Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, Амонатбонк дар ин давра кўшиш намуд, ки тамоми уҳдадориҳои худро дар назди қарздиҳандагони хориҷию ватанӣ, муштариён ва амонатгузорон сари вақт иҷро намуда, ҷиҳати коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суботи пули миллӣ то андозае саҳмгузорӣ намояд.


Таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Бонк тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардиданд ва бо дарназардошти он, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, новобаста ба давраи кунунии ниҳоят ҳассос, Бонк музди меҳнати кормандони соҳаро, ки наздики 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, сари вақт пардохт намуд ва дар соҳа қарздории музди меҳнат мавҷуд нест.


Дар идомаи маърӯза Раиси Раёсат вобаста ба самти фаъолияти корӣ ва дастовардҳои Бонк ба ҳозирин маълумот доданд. Пас аз маърӯзаи Раиси Раёсат муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирҷон Убайдуллоев вобаста ба нишондиҳандаҳои Бонк дар шароити кунунӣ изҳори сипос намуда зикр дошт, ки Амонатбонк бо чунин имкониятҳо метавонад дар оянда низ барои рушди низоми бонки нақши муассир дошта бошад.


Дар ин раванд муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ двр самти ҷоннок намудани пешниҳоди қарзҳои хурди судманд ба минтақаҳои кишоварзии навоҳии дурдаст, ташкили гуруҳҳои алоҳида барои пурра омухтани самтҳои афзалиятнок барои пешниҳоди қарзҳо, кор кардан дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷалбшуда, ташкили гурӯҳҳои алоҳида барои омузиш ва таҳлили дурусти манбаъҳои қарзгир ва ҳамзамон ташкили гуруҳҳои фаврии алоҳида дар ҷойҳо барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, пурра гузаштан ба муомилоти ғаринақдӣ ва зиёд намудани ПОС-терминалҳо дар ҷойҳо, ва истифодаи дурусти имкониятҳои самаранок барои муомилоти ғаринақдӣ пешниҳодҳои ҷолибе намуда зикр доштанд, ки пас аз ин имкон ҳаст то даромаднокии Бонк ба маротиб афзоиш ёбад. Ҳамзамон дар ин самт меҳмонон андешаҳои худро перомуни фаъолияти соҳа дар соли сипаришуда иброз намуданд.


Дар қисмати дуюми ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти кории филиалҳои Бонк дар соли сипаришуда бо иштироки Раиси Раёсат ва муовинони Раис баррасӣ гардид.


Аз ҷониби Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода ба филиалҳое, ки солро бо камбудиҳо ҷамъбаст намуда буданд баҳри ислоҳи камбудиҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.


Ҳамзамон ба мудирони филиалҳои Бонк супориш дода шуд, ки вобаста ба супоришҳои Пешвои миллат дар Паёми солона ҳар филиал бояд нақша-чорабинии корҳои марбут ба соҳаро омода намуда аз рӯи он фаъолиятро ба роҳ монанд.


Дар идома барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аз ҳисоби занон-духтарон зиёд намудани кормандонро дар соли ҷорӣ ба ҳар филиал супориш доданд.


Дар хотима Раёсати Амонатбонк бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузории худро ҷиҳати дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд изҳор менамояд.



img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 07.12.2018