Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
02 феврали 2018
Баргузории нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти БДАҶТ «Амонатбонк» дар соли 2017.

img

Имрӯз вобаста ба нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз рӯи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии назди АМИТ «Ховар» нишасти матбуотӣ марбут ба фаъолияти солона дар БДА ҶТ «Амонатбонк» баргузор гардид.



Дар нишасти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода маълумоти муфассалеро перомуни фаъолияти Бонк дар соли 2017 бо маърӯза ба ҳозирин пешниҳод намуданд.



Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо марбут ба фаъолияти кории бонк дар соли сипаришуда ба Раиси Раёсат пешниҳод гардид, ки ба ҳар якеи он Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода муфассал ва бо рақамҳои мушаххас посухҳо пешниҳод намуданд.



Рӯзноманигорон аз дастовардҳои Бонк ва фаъолияти бонкӣ дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ маълумот гирифта сипас дар масъалаҳои гуногун аз қабили вазъи кунунии бонк дар шароити буҳрон ва пардохтпазирии он, ҳамзамон хизматрасониҳо тариқи кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳо , зиёд намудани шумораи умумии занон-бонувон дар Бонк, зиёд намудани ПОС-терминалҳо дар манотиқи дурдасти кӯҳистон хизматрасониҳои фаврӣ ва муосир дар МХБ ба мизоҷон, зиёд намудани ПОС-терминалҳои бонк дар марказҳои фарҳангию иҷтимоӣ барои муомилоти ғайринақдии мизоҷон, саривақтӣ таъмин намудани банкоматҳои Бонк бо пули нақд, вазъи кунунии сандуқи қарзии Бонк, баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, ҷалби пасандозҳои озоди аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳо ва роҳҳои пешгирӣ намудани Бонк аз муфлисшавӣ, пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар Бонк ва ҳамчунин нақшаҳои Бонк дар ояндаро аз Раиси Раёсат пурсон шуда посухҳои аниқ гирифтанд.



Лозим ба зикр аст, ки дар нишасти матбуотӣ беш аз 30 рӯзноманигор аз ВАО-и дохилу хориҷ иштирок доштанд.



Нишаст дар фазои ҳамдигарфаҳмию қаноатмандӣ баргузор гардид.


img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.10.2018