Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
12 марти 2018
Равобити ҳасанаи ду кишвар густариш меёбанд

img

Дирӯз дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ва ҳайати расмии ин кишвар, Раиси Бонки миллии равобити хориҷии Узбекистон Мирсоатов Алишер Кудратуллоевич ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ҳошияи густариши ҳамкориҳо Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» (https://amonatbonk.tj) Руҳулло Ҳакимзода барои густариши ҳамкориҳо, бо Раиси Бонки миллии равобити хориҷии Узбекистон Мирсоатов Алишер Кудратуллоевич вохӯрии расми анҷом доданд.

Дар ин вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти такмили донишу малакаи кормандон, бозомузӣ ва мубодилаи таҷрибаҳо дар самти ҷалби сармоя, пешниҳоди таҷрибаи қарздиҳӣ ба самтҳои афзалиятноки соҳаи технология ва саноати мошинсозию коркарди маъданҳои куҳӣ, ҷалби сармоя барои рушди ҷабҳаҳои гуногунӣ хоҷагии халқ, барраси гардид. Миёни ин ду бонки давлатӣ барои густариши ҳамкориҳои дар боло зикршуда созишнома ба имзо расид, ки он имконияти фароҳами густариши равоби ҳасана дар соҳаи бонкдорӣ ба ҳисоб меравад.

Лозим ба зикр аст, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии равобити хориҷии Узбекистон узви Иттиҳоди Байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай буда барои густариши ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти ин Созмон қадамест устувор ва натиҷабахш. Ҳарду ҷониб пас аз ба имзо расонидани ин созишномаи ҳамкорӣ барои аз наздик ошно шудан ва дар ҳамаи самтҳои фаъолият паҳлу ба паҳлу нақши муассир гузоштанро барои мардуми ҳарду кишвар натиҷабахш ва ба манфиат арзёбӣ намуданд. Дар фароварди ин вохурӣ ҳарду ҷониб ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ такдим намуданд.Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ меҳмонон барои ошно шудан аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик ба Қалъаи Ҳисор ва Хонаи Ҷамшедии Боғи ботаникии шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ки аз ин пазироӣ онҳо хело изҳори қаноатмандӣ намуда танҳо хостори ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани ҳамкориҳоро дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки соҳа донистанд.
img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018