Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 марти 2018
Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз -2018»

img

Имрӯз ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи футболи хурд, байни Раёсат ва филлиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» доир гардид.


Дар бозии мазкур 14 даста иштирок намуданд, аз ҷаумла филиалҳои Амонатбонки ноҳияҳои ш.Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб Файзобод, Рӯдакӣ ва Ёвон.


Даври якуми бозӣ рӯзи 10.03. 2018 с. баргузор шуд, ки дар он ҳамаи дастаҳо бозӣ намуданд   ва дастаҳое, ки дар бозии даври 1-ум гузаштанд боз байни ҳам як бозигии дигар намуданд.


Дар даври 1-уми мусобиқа 11- бозӣ гузаронида шуд.

Дастаҳои ғолиб ба даври нимфиналӣ роҳ ёфтанд, ки имрӯз баргузор шуд.


Дар даври нимфиналии мусобиқа дастаҳои Раёсати Бонк , бо дастаи филиали Амонатбонки ноҳияи Шоҳмансур рақобат намуда, онро бо ҳисоби 6:4 мағлуб намуд.


Дастаи филиали №06- и н. Фирдавсӣ бо задани 3-голи беҷавоб филиали №03-и н. Синоро мағлуб кард.


Барои дарёфти ҷойи сеюми мусобиқа дастаҳо байни филиалҳои №02-и н. Шоҳмансур ва филиали №03- и н. Сино боз карда, бозиро бо ҳисоби 6:2 ба нафъи дастаи хеш анҷом дод.


Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон-кормандони Бонк буда, ҳамзамон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.


Дар фарҷоми мусобиқа, муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода иштирокчиёни мусобиқаро бо туҳфаҳо ва ҷоизаи «Ҷоми Наврӯз -2018» қадрдони карданд.



img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018