Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
16 марти 2018
Рӯзи байналмилалии пул дар БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Санаи 14 ва 15–уми марти соли равон, бо иқдоми Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Фонди хазинаи байналмилалии Олмон (Chiid and Youth Finance International) дар филиали №42-и Амонатбонк дар шаҳри Бохтар ва филиали №56-и ш.Кӯлоб чорабинӣ таҳти унвони Рӯзи байналмилалии пул (Giobal MoneyWeek) баргузор гардид.



Сараввал муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо фарорасии фасли зебои табиат-баҳор ва таҷлили Нарӯзи аҷам табрику таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки барои пешрафт ва обруйи нуфузи Амонатбонк, ки ягона Бонки давлвтӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад аз ҳамаи хизматрасониҳо ва имкониятҳо истифода намоянд. 
 


    

Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии пул таҷлил карда мешавад. Соли сипаришуда БДА ҶТ «Амонатбонк» дар филиали №08-и Амонатбонк дар шаҳри Норак ин маъракаро дар якҷоягӣ бо Фонди хазинаи байналмилалии Олмон гузаронида буд.



Имсол бошад БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифт, ки дар ду филиалҳои Бонк ин маъракаро гузаронад ва омодагиҳо барои гузаронидани ин маъракаҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.



Тайи ду рӯз дар филиалҳои №42-и Амонатбонк шаҳри Бохтар ва  №56-и ш.Кӯлоб бо иштироки нафақахурон, донишҷӯён толибилмон, мизоҷон ва намояндагони Фонди хазинаи байналмилалии Олмон ин семинарро гузаронида шуд.



Хадаф аз гузаронидани ин чорабинии рӯзи байналмилали пул ин, баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ҷавонон дар ҷомеа мебошад.


Дар фарҷом ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо туҳфаҳои хотирмон ва ороиши дастархон қадрдони намуданд.


img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018