Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 апрели 2018
Баргузории ҷаласа аз натиҷаи фаъолият дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ

img

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷаласа аз натиҷаи фаъолияти Бонк дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ баргузор гардид.



Дар ҷаласа Роҳбарияти Бонк, аъзоёни Раёсати Бонк, намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки милли Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони филиалҳои минтақавӣ, филиалҳои шаҳрӣ, филиалҳои навоҳии тобеи марказ ва сардорони воҳидҳои сохтории Бонк иштирок намуданд.



Нахуст Раиси Раёсат ҳозиринро хайрамақдам намуданд, сипас муовини якуми Раиси Раёсат Амирҷон Саидзода аз дастовардҳо ва натиҷаи фаъолияти Бонк дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба ҳозирин маърӯза намуданд.



Пас аз маърӯза Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод бобати боз ҳам саривақтӣ иҷро намудани супоришҳои Ҳукумату ҷумҳурӣ ва роҳ надодан ба ҳамагуна камбудиҳо дар самти хизматрасониҳо, инчунин ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир барои гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ, ибрози андеша намуданд.



Сипас аъзои Раёсат, муовини Вазири молия, Ҷамшед Нурмаҳмадиён ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ва бо роҳҳои осон маблағгузорӣ намудани соҳоти гуногунҷабҳаи иқтисодиёти кишвар андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки Бонк дар ҳама ҳолат ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки эътимоди мардум ба он зиёд аст бояд мавқеи устувори худро дошта бошад ва бо ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир миёни институтҳои молиявии кишвар намуна бошад.



Ҳамзамон Фирдавс Толибов намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ намудани хавҳои бонкӣ дар фаъолият ва эҳтимолияти сар задани хавфҳои ногаҳонӣ бо чанд мисолҳо ибрози андеша намуданд.



Раиси Раёсат вобаста ба андешаҳои зикргардида ба сардорони воҳидҳои сохтории Бонк ва мудирони филиалҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудӣҳои ҷойдошта ва пешгирии ҳамагуна хавфҳо супоришҳои мушаххас доданд.



Дар қисмати дуюми ҷаласа бо Роҳбарии муовини якуми Раиси Раёсат Амирҷон Саидзода ва муовини Раис Исломиддин Хайриддин ҳисоботи мудирони филиалҳои минтақавӣ ва шаҳрӣ шунида шуда маврид ба барарасӣ қарор гирифт.



Аз ҷониби Амирҷон Саидзода масъалаҳои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, ҷалби пасандозҳои озоди аҳолӣ, пешгирӣ намудани хавфҳои бонкӣ, қавӣ гардонидлани сандуқи қарзӣ, хизматрасонии саривақтӣ ба мизоҷон, пешниҳоди қарзҳои хурд ва бо дасту дили пок кору фаъолият намудан дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод гардид.



Мудирони филиалҳое, ки дар фаъолияти корӣ ба камбудиҳо роҳ дода шуда буданд барои баратараф намудани ин камбудиҳо то ҷаласаи нимсола муҳлат гирифтанд.




img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018