Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
08 маи 2018
Вохӯрии Роҳбарияти Амонатбонк бо собиқадорони ҷанг, бахшида ба Рӯзи Ғалаба.

img



Имрӯз бахшида ба пешвози таҷлили 73-юмин солгарди Ғалабаи Бузург бо Қарори Раиси Раёсати БДАҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода, бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони интернатсиолист вохӯрӣ баргузор гардид.



Роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» онҳоро ба рӯзи Ғалаба табрик намуда бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи бонкдорӣ кушиш намуда, дар масъалаи хайру эҳсон ва кумакпулиҳо ба шахсони маъюбу собиқадорони ҷангу меҳнат мавқеи муаянеро касб намудааст.


Ба пешвози 73-юмин солгарди Ғалабаи Бузург ба маъюбон ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва ҳамчунин кормандони Бонк, ки чанд тан ҷаноговарони интернатсиолист мебошанд кумакпулиҳо тақдим карда шуд.


Дар ҷамъбаст, Роҳбари Бонк иброз доштанд, ки барои дар оянда низ расонидани кӯмакҳои пулию молӣ бо имкониятҳои мусоид ва пос доштани хизматҳои шоёни ин нафарон, ваъда доданд.


img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.10.2018