Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 маи 2018
Ташкили хазинаҳои хизматрасонии шабонарўзӣ дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият ва фарогирии намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид ба мизоҷону меҳмонон, сайёҳон дар вақтҳои берун аз кор, бо назардошти иҷрои супориши протоколии ҷаласаи назди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз 02.05.2018 ва тибқи талаботҳои Дастурамали №227-и БМТ “Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ” тибқи фармоиши Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҳакимзода Р.А. дар филиали №42-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтар (кўчаи Айнӣ-62, шаҳри Бохтар), филиали №56-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар минтақаи Кўлоб (кўчаи С. Сафаров-3, шаҳри Кўлоб) ва филиали №66-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ВМБК (кўчаи Ленин-115, шаҳри Хоруғ) ва дар маркази хизматрасонии бонкии №698-и филиали №22-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Варзоб, воқеъ дар кўчаи Амиршоев 1/1 (собиқ тарабхонаи «Варзоб», шафати роҳи асосӣ) хазинаҳои хизматрасонии шабонарўзӣ ташкил карда шуд.


Ҳамчунин хазинаҳои хизматрасонии бегоҳӣ, ки дар МХБ №13-и филиали №05-и БДА ҶТ «Амонатбонк»    дар ноҳияи И.Сомонӣ, кўчаи Турсунзода-30 (Донишгоҳи славянӣ), МХБ №24-и филиали №06-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Фирдавсӣ, кўчаи Н.Қаробоев-4 (мавзеи Гулистон), МХБ №709-и филиали №07-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Назаршоев-11 (вокзали Роҳи оҳан), МХБ №365-и филиали №24-и БДА ҶТ «Амонатбонк»   дар шаҳри Хуҷанди в. Суғд, хиёбони И.Сомонӣ-37 (чорроҳаи маркази Хуҷанд), МХБ №680-и филиали №10-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Ҳисор, к. И.Сомонӣ-4 (маркази шаҳр) қаблан ташкил карда шуда буданд, ба реҷаи кории шабонарўзӣ гузаронида шуданд.


Ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонон эҳтиромона мерасонем, ки дар хазинаҳои хизматрасонии шабонарўзӣ онҳо метавонанд аз иҷрои амалиётҳои асъорӣ, интиқоли маблағҳо, қабули маблағҳои комуналӣ ва дигар пардохтҳо, ивази пулҳои фарсуда ва коршоям, пардохти нафақаву кўмакпулиҳо истифода намоянд.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 23.05.2018