Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 маи 2018
Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» дар Душанбе

img

Субҳи имрӯз дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе,  ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» доир шуд, ки дар ин ҳамоиш, кормандони БДА ҶТ «Амонатбонк» фаъолона иштирок доштанд.


Дар оғози ҳамоиш, муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати сӯлҳпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати-миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, аввалин маротиба дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мешавад.


Қобили зикр аст, ки имрӯз  ҳама роҳбарон ва кормандони сохторҳо бо велосипед ба кор меоянду давоми рӯз аз он истифода мекунанд,  ки ин ҳам бошад ба саломатӣ, хароҷоти молиявӣ ва ба фазои экологии муҳит, манфиати хуб дорад ва ба ин хотир бо боварӣ метавон гуфт, ки ин иқдомро дар оянда низ, шаҳрвандону ҷавонон ба ҳукми анъана медароран.


Бояд гуфт, ки ҳамасола 5-май дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии «Як рӯзи велосипедронӣ» баргузор мешавад.


img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 23.05.2018