Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 июни 2018
Равобити хориҷии Амонатбонк рушд меёбад.

img

Нимаи дуюми рӯз Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва гуруҳи корӣ аз Раёсати Бонк бо Президенти «Межгосударственный Банк» аз Руссия, Суворов Игорь Георгиевич ва сардори Идораи Институтҳои молиявии бонки номбурда, Васяткин Владимир Ефимович вохӯрӣ анҷом доданд.


Руҳулло Ҳакимзода пас аз хайрамақдам намудани меҳмонон оиди дастовардҳо ва муносибатҳои хориҷии Бонк каме маълумот пешниҳод намуданд. Дар навбати худ Президенти «Межгосударственный Банк» Игорь Георгиевич аз пазироӣ сипосгузорӣ намуда зикр доштанд, ки Амонатбонк имрӯз тамоми хизматрасониҳоеро анҷом медиҳад ин вазифаҳои ҷонии Сбербанки Руссия аст ва мо ҳамкориҳоро бо ин бонки давлатӣ дар ҳамаи самтҳо густариш медиҳем.


Зикр гардид, ки муассиси «Межгосударственный Банк» давлатҳои ИДМ буда, ин Бонк имрӯз ҳамкориҳояшро бо бонкҳои давлатҳои ИДМ (Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдавия ва Белоруссия) тавре ба роҳ мондааст, ки бо асъори миллии ин давлатҳо суратҳисобҳои амалиётӣ фаъол аст.



Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои анҷом додани амалиётҳои асъорӣ, кушодани суратҳисоб бо асъори миллӣ, ташкили фонд бо асъори миллии ҳар ду давлат ва гузаронидани маблағҳо бо асъори давлатҳои муассис дар самти рушди тиҷорат аз ҷониби соҳибкорон баррасӣ гардид.



Дар самти густариши ҳамкориҳо ҳамзамон масъалаи такмили дониши мутахассисон ва гузаронидани тренингҳои корӣ марбут ба самти фаъолият дар раванди вохӯрӣ баррасӣ гардид.



Лозим ба зикр аст, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ Амонатбонк дар бонки мазкур суратҳисоби худро кушода масъалаҳои молиявӣ ва равобити хориҷии худро густариш додааст.



Дар қисмати ниҳоии ин вохӯрӣ аз ҷониби Президенти «Межгосударственный Банк»-и Руссия Суворов Игорь Георгиевич ба Раиси Раёсати Амонатбонк Руҳулло Ҳакимзода фаъолияти самараноки намояндаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар Федератсияи Руссия Муҳамадрасул Холов ситоиш ва қадрдонӣ карда шуд, ки номбурда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо ва имзои созишномаҳои самараноки боманфиат барои ҷонибҳо саъю талош намудааст.

img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 22.06.2018