Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 июни 2018
Вохӯрии Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо намояндагони ҶСК «АСБ Беларусбанк»

img

Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни иштирок дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекини Хитой бо  муовини Раиси ҶСК «АСБ Беларусбанк» Виктор Перепелица вохӯрӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар ҷабҳаҳои гуногун пас аз ташрифи Президенти Белорусия ҷаноби Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ва дар заминаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин қавӣ гардонидани равобиту ҳамкориҳо дар самти масъалаҳои молиявӣ ва бонкиро, ки дар ин вохӯрӣ мавриди ба имзо расидани санадҳо буд, баррасӣ намуданд.

Раиси Раёсат иброз доштанд, ки барои кушодани суратҳисоб бо асъори миллӣ дар  ҶСК «АСБ Беларусбанк» ва  БДА ҶТ «Амонатбонк»  имконияти муфид ва саривақтист. Ҷонибҳо зикр доштанд, ки ҷиҳати сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳои саноатию кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо  ҷалби сармоя аз ҷониби ҶСК «АСБ Беларусбанк» ин дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ва инчунин густариши савдои молу маҳсулоти тарафҳо хоҳад буд. Ин пешниҳод аз ҷониби муовини Раиси ҶСК «АСБ Беларусбанк»  Виктор Перепелица  хуб пазироӣ гардид. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ  масъалаи такмили ихтисос ва  мубодилаи таҷрибаи кории кормандони Бонкҳо баррасӣ гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ Роҳбарони Бонкҳо тасмим гирифтанд дар кутоҳтарин муддат монеаҳои ҷойдоштаро бартараф намуда паи иҷрои масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишуда ба сохторҳои дахлдори Бонкҳо супоришҳои мушаххас диҳанд. 
img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 17.08.2018