Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
06 июни 2018
Вохӯрии самарабахш бо Раиси Раёсати Бонки давлатии Хитой

img

Дар ҳошияи сафари расмии Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» барои иштирок дар ИБ СҲШ Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода бо Раиси Раёсати БДРХ ҷаноби Ху Хуайбен вохӯрӣ намуданд.


Дар оғоз ҷонибҳо, аз самараи ҳамкориҳои тулонии ин ду Бонк ва дастовардҳо ибрози андеша ва изҳори қаноатмандӣ намууданд.


Роҳбарони бонкҳо, қайд намуданд, ки қадамҳои самарабахши якҷоя тули солҳо тай шудаанд, ки дар соҳаи ташкили механизми бисёрҷабҳа барои қарздиҳӣ, маблағгузории лоиҳаҳо, рушди қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ рушд яке аз ҷанбаҳои он аст. Зикр гардид, ки таҳкими робитаҳои байниҳукуматӣ имкон медиҳад, ки соҳаҳои муҳими иқтисодиёт ва дастгирии тиҷорати хурд ва миёна дар Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд. Ин на танҳо иқтисод, балки самаранокии иҷтимоии ҷалби сармояи БДРХ мебошад.


Қайд гардид, ки робитаҳои мунтазами судманди тарафҳо дар самти масъалаҳои ба нақшагирифташуда тасдиқ ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ба монанди сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии саривақтии қарзҳои қаблан гирифташуда, таҷдиди онҳо, баланд бардоштани самаранокӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи таҷриба ва омузишин яке аз ҳадафҳои асосии фаъолият арзёбӣ мегардад.


Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки созишномаҳо оид ба омодагӣ ва имзои Созишномаҳои қарзӣ нав, ки ба рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд, ба анҷом расида истодааст ва ин боз як қадами устувори равобити ду Бонк маҳсуб меёбад.


Дар анҷоми вохӯрӣ, Роҳбарони бонкҳо дар якҷоягӣ пешниҳод намуданд, ки дастурот оид ба кор ва ҳалли масъалаҳои марбут ба манфиатҳои тарафайн дар кӯтоҳтарин фурсат баррасӣ хоҳад шуд.



img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.10.2018