Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
25 июли 2018
Баргузории нишасти матбуотӣ аз натиҷаи фаъолияти Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ

img

Дирӯз бо иштироки рӯзноманигорони васоити ахбори омма натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор карда шуд, ки дар он Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода, муовини якуми Раиси Раёсат Саидзода А.Б. , муовини Раиси Раёсат Маҳмудзода Б. ва сардорону кормандони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк иштирок намуданд.

Дар оғоз, Раиси Раёсат нақши рӯзноманигоронро дар пешрафти ҷомеа, бахусус дар раванди ба ваҳдату ягонагӣ расидани миллати тоҷик баланд арзёбӣ намуда, эҳтироми худро барои дастгириҳои васоити ахбори омма дар пешрафти фаъолияти низоми бонкӣ баён намуданд.
Сипас, муҳтарам Ҳакмизода Р.А. маълумоти муфассалро нисбати Ҷ амъбасти фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар нимсолаи якуми соли 2018 мавриди баррасӣ қарор доданд. Қайд гардид, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳо ва Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, инчунин нақшаи стратегии Бонк барои соли 2018 ба роҳ монда, дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Бонк дар давраи ҳисоботӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки нишасти матбуотӣ марбут ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи якуми соли 2018 дар БДА ҶТ «Амонатбонк» аз рӯи нақшаи муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии назди АМИТ «Ховар» баргузор гардид.
Вобаста ба ин, дар нишасти матбуотӣ беш аз 25 рӯзноманигор аз ВАО-и дохилу хориҷ, аз ҷумла, радиоҳои «Озодӣ», «Овози тоҷик», «Тоҷикистон», телевизиони «Душанбе», рӯзномаи «Садои мардум», «Азия-плюс», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» иштирок доштанд.

Раиси Раёсат зикр намуданд, ки Амонатбонк иҷрои саривақтии уҳдадориҳои худро дар назди муштариён ва нигоҳ доштани рақобатпазирии фаъолияти Бонк дар низоми бонкии кишвар бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҳои муассир меандешад. Фаъолияти Бонк новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, дар соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбӣ ҷамъбаст гардидааст. Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро содиқона дастгирӣ намуда, бештар ба масъалаҳои пешгирӣ намудани ҳамагуна амалҳое, ки хилофи қонунҳои амалкунада, хусусан пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионидошта, кам намудани сатҳи қарзҳои батаъхирафтода ва пешгирӣ намудани хавфҳо, зарурати пурра намудани сармояи оинномавии Амонатбонк аз ҷониби муассис, фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

Рӯзноманигорон аз дастовардҳои Бонк ва фаъолияти бонкӣ дар шароити буҳрони молиявӣ маълумотҳо гирифта, дар масъалаҳои гуногун аз қабили ҷойгир кардани маблағҳои ҷалбшудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии халқии Хитой ва тақсимоти дурусти асъори хориҷии дар ихтиёри Бонк қарордошта, тартиб ва услуби пешниҳоди қарзҳо ва равона кардани онҳо бо асъори “юан” ва “сӯм” ба иқтисодиёти кишвар, фоизҳои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, муҳлати пешниҳод намудани қарзҳо ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, пардохти саривақтии нафақа, ҷалби занону духтарон ва пешниҳоди онҳо ба зинаҳои роҳбарикунанда, меъёрҳои фоизи пасандозҳо ва Қарзҳо, муқоисаи ҷалби пасандозҳо нисбати соли пешин, масъалаҳо нисбати қарзҳои ғайрифаъол ва корҳои санҷиши амалиётҳо тавассути кортҳои Visa, татбиқ намудани пардохти пули нақд аз банкомату постерминалҳо баъди гузариш дар низоми байналмиллалии Visa-ро аз Раиси Раёсат пурсон шуданд.

Дар ин замина, Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода ба ҳар як рузноманигори васоити ахбори омма ҷавобҳои муфассал ва бо маълумотҳои мушаххас посухҳо гардониданд.

Муҳтарам Ҳакимзода Р. А. дар фарҷоми нишасти матбуотӣ аз иштироки фаъолонаи рӯзноманигорон изҳори миннатдорӣ карда, нишастагонро бовар кунониданд, ки Амонатбонк минбаъд ҳам, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, кӯшиш менамояд, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.
Аз рӯзноманигорон изҳори умедворӣ карданд, ки танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта, муваффақ шавем.
Нишаст дар фазои ҳамдигарфаҳмию қаноатмандӣ баргузор гардид.
img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.08.2018