Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
28 июли 2018
Ифтитоҳи бинои наву замонавии МХБ дар Урметан

img

   Дируз дар ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, ки яке аз ҷамоатҳои калони ин ноҳияро дар бар гирифта ба он ҳафт деҳа шомил мегардад як бинои наву замонавии маркази хизматрасонии бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» ифтитоҳ гардида ба кор шурӯъ намуд. Лозим ба зикр аст, ки аҳолии ҷамоати мазкур 19101 нафарро дар мегирад ва аз ин 1846 нафарашон нафақагирон мебошанд. Дар ҷамоати мазкур ташкилоту муассисаҳои буҷавие, фаъол ҳастанд, ки шумораи дорандагони кортҳои ин муассисаҳо 510 нафарро дар бар мегирад.

   Имрӯз дар ин ҷамоат шумораи умумии дорандагони кортҳои бонкӣ дар якҷоягӣ бо нафақагирон беш аз 2356 нафарро дар бар мегирад.

   Қобили зикр аст, ки маркази хизматрасонии бонкии №25/182 дар деҳаи Урметан, ки дар маркази ҷамоат ҷойгир аст то ин дам дар бинои иҷора фаъолият менамуд, ки дар тавозуни ягонаи филиали Бонк дар ноҳияи Айнӣ қарор надошт. Оғоз аз моҳи апрели соли ҷорӣ барои сохта ба истифода додани як бинои замонавӣ аз ҷониби соҳибкорони ҷамоати мазкур, ки барои дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти Бонк равона шудааст корҳои сохтмонӣ дар ин ҷамоат оғоз гардид. Масоҳати умумии бинои мазкур, 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Бино пурра ба талабот ҷавобгӯй буда дар он тамоми шароити корӣ муҳайё гардидааст. Дар маросими кушодашавии бинои мазкур намоядагон аз Ҳукумати ноҳияи Айнӣ ва Роҳбарияти филиали минтақавии Амонатбонк дар вилояти Суғд иштирок доштанд. Пас аз ифтитоҳи бинои мазкур акнун бошандагони ҷамоати деҳот бе ягон мамоният аз ҳамагуна хизматрасониҳои бонкӣ истифода мебаранд.
img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 15.10.2018