Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
15 августи 2018
Кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни бонувон.

img

Имрўз дар маҷмааи Қасри варзиши шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, байни бонувонҳ ои вазорату идораҳ о, кушодашавии бозии волейбол бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо тантана баргузор гардид, ки 12 нафар бонувони волейболбоз, Амонатбонкро таҳти роҳбарии муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода намояндагӣ доштанд.


Сараввал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳамаи иштирокдоронро табрик намуда иброз доштанд, ки ба варзиш машғул шудани бонувон ин аз солимии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.


Қобили зикр аст, ки аз модари солим фарзанди солим ба камол мерасад ва имрўзҳо маҳз бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси ҷумҳурӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ободонии маҳал сохтани майдончаҳои варзишӣ бо маром идома дорад.


Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳ о барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ба роҳ монда шудааст, ки дастаи волейболбоздухтарони Амонатбонк бори аввал дар ин чорабини ширкат меварзанд.


Мусобиқаи варзишӣ мазкур аз 15.08.2018 то 08.09.2018 идома дорад ва ҷамъбасти мусобиқа дар арафаи иди Истиқлолият анҷом хоҳад ёфт.


img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 20.09.2018