Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
07 сентябри 2018
Баргузории ҷаласаи идона бахшида ба ҷашни Истиқлол

img

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк ҷаласаи идона ба истиқболи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарияти бонк ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта аз дастовардҳои Тоҷикистони азиз дар солҳои соҳибистиқлоливу ягонагӣ маърӯза намуданд.

Аз ҷониби Раиси Раёсат зикр гардид, ки ҳар нафар корманди Бонк ва ҳар Тоҷикистонӣ бояд аз ободию оромӣ ва суботи ин сарзамин шукрона кунад, зеро ин ҳама дастовардҳои нав ба нав маҳз бо ибтикору сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон аст.

Раис бо чандин мисолҳо аз солҳои қаблӣ ва навгониҳо дар соҳоти мухталифу густариши ҳамкориҳо дар даврони истиқлоли меҳан андешаронӣ намуданд.

Дар идомаи ҷаласа 11 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ барои меҳнати содиқона ва саҳми арзандаашон дар самти фаъолияти корӣ бо «Ифтихорнома» ва «Раҳматномаҳо» қадрдонӣ карда шуданд.


img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 16.11.2018