Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
23 октябри 2018
Рӯзи байналмилалии амонатгузорон дар филиали шаҳрии №2-и БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Дирӯз дар якҷоягӣ бо Фонди хазинаи байналмилалии Олмон дар филиали шаҳрии №2-и Амонатбонк, чорабинӣ баргузор гардид.
Лозим ба зикр аст,  ки таи чаҳор сол бо навбат дар филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» чорабинии ҷалби пасандозҳо дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии амонатгузорон дар якҷоягӣ  бо Фонди хазинаи байналмилалии Олмон  баргузор мегардад.


Чорабинии мазкур аз таҷрибаи Фонди хазинаи байналмилалии Олмон, ки дар ин он ҷиҳати ҷалби пасандозҳо аз ҷониби  волидайн бо иштироки кӯдаконашон  баҳри  баланд бардоштани маърифати молиявии онҳо гузаронида мешавад.


Дар филиали №2-и БДА ҶТ «Амонатбонк»  дар шаҳри Душанбе аз субҳи барвақт аллакай даромадгоҳи бино қабои идона дошту меҳмонони зиёде дохили филиали бонк буданд. Барои кӯдакон дар даромадгоҳи бинои филиал гӯшае бо номи «Олами кӯдакон» омода карда шуда буд, ки дар он бевосита кӯдакон  ба кашидани расмҳо оид ба пасандоз,  бонк ва пул, хазина ва маблағҳои ҷамъшуда, бо амонатҳои ҷамъшуда  харидори намудани ҷиҳози гуногун, тариқи расмҳо ба маърази тамошои меҳмонон гузошта шуда буд.


Дар як гӯшаи дигари филиал бошад аз ҷониби намояндагони Фонди хазинаи байналмилалии Олмон,   барои баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон семинарҳо перомуни сарфаи пул, муомилоту хароҷотҳои самараноки он, кам намудани хароҷотҳои аз манфиат дур ва ҳамзамон пасандоз гузоштан аз даромадҳои оилавӣ барои ояндаи фарзандон, гузаронида шуд.


Чун ҳарвақта ба хотири  ҷалби бештари мизоҷон барои гузоштани пасандозҳо, дар як гӯшаи дигар бозии ҷолиби «Дирам» гузаронида шуд, ки он то андозае хурду калонро ворид ба дунёи рангини соҳаи бонкдорӣ ва амонатгузорӣ менамуд.


Дар муддати гузаронидани ин чорабинӣ аз субҳи барвақт то нимаи рӯз нафарони зиёде ҳам амонат гузоштанду ҳам ғизои маънавӣ гирифтанд. Ҳамзамон ба кӯдаконе, ки дар мавзуҳои болотар зикршуда расмҳои ҷолиб кашида буданд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуда инчунин   дафтарчаҳои амонатгузорӣ бо маблағи 50 сомонӣ  пешниҳод карда шуд.


Мақсади асосии гузаронидани иқдоми мазкур ин ҷалби бештари аҳолӣ ва эътимоди онҳо  ба Бонк  арзёбӣ мегардад. Иқдоми мазкур то санаи 28.10.18 давом дошта қисмати  дуюми он дар филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.01.2019