Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 октябри 2018
Э Ъ Л О Н

img

Идораи технологияҳои ииттилоотӣ

1. Муҳандиси асосӣ оид ба ҳифзи иттиллот

Талаботи тахассусӣ ба довталаб:

доштани маълумоти олии техникӣ ё ба он наздик;
донистани асосҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии амнияти иттилоотӣ,
доштани қобилияти хуби таҳлилӣ;
таҷрибаи корӣ бо барномаҳои криптографӣ,
донистани низомҳои омилии  Linux/FreeBSD (VPN, Squid, IPSec). нависондани скриптҳо;
донистани принсипҳои кории таҷҳизотҳои  CISCO/Mikrotik;
фаҳмиши протоколҳои TCP/IP, SFTP
донистани хуби забони русӣ ва забони англисӣ барои хондани маводҳои техникӣ;

2. Барномасози дараҷаи 1-и шуъбаи роҳбаладии барномаҳои бонкӣ

Талаботи тахассусӣ ба довталаб:

доштани маълумоти олии техникӣ ё ба он наздик;
донистани забони барномасозии Visual Studio (Visual Basic,C#, C++);
донистани принсипҳои кории WEB сервисҳо ;
донистани хуби Windows 7/10 (насб ва ҷурсозӣ намудан);
таҷрибаи корӣ дар барномаи «ЦФТ- Банк» (ҷурсозӣ, барномарезӣ бо PL_PLUS) афзалият дорад;
донистани асосҳои Oracle афзалият дорад;
донистани хуби забони русӣ ва забони англисӣ барои хондани маводҳои техникӣ;

3. Муҳандиси дараҷаи 1-и шуъбаи таъмир ва роҳбаладии техникӣ


Талаботи тахассусӣ ба довталаб:

доштани маълумоти олии техникӣ ё ба он наздик;
Донистани принсипҳои корӣ ва ҷурсозии банкоматҳо, POS терминалҳо;
Хонда тавонистани схемаҳо ва таъмир намудани таҷҳизотҳои электронӣ;
Кор фармудани таҷҳизотҳои санҷишӣ;
донистани хуби Windows 7/10 (насб ва ҷурсозӣ намудан);
донистани хуби забони русӣ ва забони англисӣ барои хондани маводҳои техникӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
4 дона расм (андоза 3 x 4)
нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти олии касбӣ (диплом);
дафтарчаи меҳнатӣ;
маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
маълумотнома (справка-объективка);
маълумотнома аз ШКД – и ноҳия;
нусхаи билети ҳарбӣ;
нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
маълумотнома аз ҷойи зист;
Ҳуҷҷатҳо аз 29 то  17 ноябри соли 2018 қабул карда мешаванд, озмун  санаи 23 ноябри соли 2018 соати 10:00 баргузор мегардад.

Ҳуҷҷатҳоро дар нишони зерин қабул менамоянд:

ш.Душанбе, кўчаи Лоҳутӣ, 24, Идораи кормандон

Барои маълумот  тел:  600-90-67;
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.01.2019