Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
26 октябри 2018
Пасандоз ин оянда аст.

img

Имрӯз  бо ташабусси Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Фонди хазинаи байналмилалии Олмон (Chiid and Youth Finance International) дар филиали №57-и ш.Кӯлоб бо иштироки намояндаи Ҳокимияти давлатӣ, кормандон, мизоҷони Бонк, нафакахурон, донишчуён ва толибилмон  чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи  байналмиллалии амонатгузорон»  баргузор  гардид.

 

Сараввал мудири филиали №57-и ш.Кӯлоб Мирзоалӣ Саидов ҳамаи иштирокчиёни чорабинии мазкурро  табрику таҳният гуфта, суханро ба сардори Идораи амонатҳо пардохтҳо ва коғазҳои қимматнок   Ҳакимзода Хушвакт Хол ва муовини Раиси ш.Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод  дод.  

 

Меҳмонон дар масъалаи пешрафти соҳаи иқтисодиёт ва нуфузи  Амонатбонк, ки ягона Бонки давлвтӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, суханрони намуда аз иштирокчиён даъват намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Бонк ва аз тамоми хизматрасониҳо ва имкониятҳо  истифода намоянд. 
 

Лозим ба зикр аст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии пасандозхо таҷлил карда мешавад. Имсол низ, БДА ҶТ «Амонатбонк»  тасмим гирифт, ки маъракаро дар ду филиалҳои Бонк гузаронад, кушодашавии маъракаи мазкур рӯзи  23.10.2018 дар филиали №02-и  ш. Душанбе бо танта гузаронида шуд.

 

Бояд қайд намуд, ки тайи ду рӯз дар филиали №57-и ш.Кӯлоб бо иштироки нафақахурон, донишҷӯён толибилмон ва мизоҷон, Бозии «Дирам», озмуни расмкашӣ ва семинар дар мавзӯи маърифати молияфӣ  гузаронида шуд, ки дар он беш аз 300 нафар иштирок ва ба қайд гирифта шуданд.

 

 

Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии наврасон ҷавонон дар ҷомеа  ва ҷалби онҳо ба  пасандоз  мебошад. 

 

Дар фарҷоми чорабинӣ, ғолибони озмуни расмкашии байни мактаббачагон ва Бозии «Дирам»-ро муайян намуда,  ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотирмон  тақдим карда шуд.


img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 16.11.2018