Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 ноябри 2018
Конститутсия бахтномаи миллат.

img

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк ба ифтихори солгарди Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсати Бонк Руҳулло Ҳакимзода, муовини Раис Амирҷон Саидзода ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк иштирок доштанд.

Руҳулло Ҳакимзода нахуст дар иртибот ба таҷлили ҷашни солгарди Конститутсия ва дарҷи озодии ҳуқуқии шаҳрвандон дар ин бахтномаи миллат андешаронӣ намуданд.

Раис иброз доштанд, ки Конститутсия воқеан ҳам бахтномаи миллат асту озодии ҳар нафари мо дар он дарҷ гардидааст ва гиромӣ доштани арзишҳои миллии ин бахтнома ояндаи ватану миллатро боз ҳам рушантар мегардонад.

Зикр гардид, ки ҳар нафар шаҳрванди комилҳуқуқи ин сарзамин сипосгузор аз он аст, ки бо Роҳбарӣ ва меҳнатҳои азими Пешвои муаззами миллат ба ин кишвар сулҳи деринтизор омад, ин сарзамин ободу гулгулшукуфон гардид ва соҳиби эҳтирому обрӯй шуд ва маҳз бо туфайли хиради азалии Пешвои мо ин сарзамин мустаҳкам гардид ва мақоми шоистаи худро дар ҷаҳон пайдо кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон аст ба сафи даҳ Конститутсияҳои бонуфузтарин ва беҳтарини олам ворид гардид, ки имкониятҳои арзишманд ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат медиҳад.

Пас аз маърӯзаи Раис ҳамзамон сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати бонк андешаҳои худро перомуни арзишҳои муқаддаси давлату миллат бахусус Конститутсияи Ҷумҳурии тоҷикистон иброз намуданд.

Сипас аз ҷониби Раис таъкид гардид, ки фазои орому осоиштаи ин сарзамин аз баробарҳуқуқӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии ҳар нафари мост ва моро мебояд шукрона аз ободию озодии меҳанро дошта бошем.

Лозим ба зикр аст, ки дар тамоми филиалҳои Бонк ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи ҷашни солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор мегардад.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 16.11.2018