Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 ноябри 2018
Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки Раиси Раёсат, Руҳулло Ҳакимзода ва кормандони дастгоҳи марказии Бонк семинар баргузор карда шуд.

img

Тибқи иҷрои банди 7 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли ҷорӣ, №1 ва супориши Роҳбарияти Бонк ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони бонк ва таҷрибаомӯзии онҳо дар давлатҳои пешрафта гуруҳи кории Бонк аз санаи 30 июл то 06-уми августи соли 2018 ба кишвари Сингапур сафарбар карда шуд. Гуруҳи корӣ пас аз сафар, давра ба давра семинарҳо дар мавзуҳои гуногунро дар Раёсати Бонк, барои кормандон мегузаронанд.


Ин навбат бошад, аз ҷониби сардори Идораи муносибатҳои байналхалқӣ ва кор бо ташкилотҳои байналхалқӣ Тимур Ёрибек семинар дар мавзӯи «Идоракунии корпоративӣ, хавфҳои бонки ва комплаенс», ки дар Маркази байналмилалии омузиши мутахассисони низоми бонкии Сингапур гуруҳи кории бонк ошноӣ пайдо карда буданд, ба иштирокчиён маъруза карданд.


Бояд қайд, намуд, ки дар семинар аз шиносоӣ бо Юнайтед Оверсиас Бонки Сингапур (ЮОБС) инчунин масъалаҳои сиёсати хавфӣ, риск-моделҳо, сохтори идоракунии хавф дар Бонк ва хавфҳои пешбининашуда мавриди барасӣ ва муҳокима қарор гирифт.


Аз ҷониби намояндагони гуруҳи кории ба Сингапур сафарбаршуда маълумотҳои зерин пешниҳод гардиданд:


-Инкишофи Сингапур пас аз ворид намудани тағийру иловаҳо дар қонунгузории молиявии кишвар дар соли 1967;

-Инкишофи Сингапур пас аз ворид намудани тағийру иловаҳо дар конунгузории молиявӣ дар соли 1999;

-Сиёсати молиявии Сингапур, аз ҷумла андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ, нишондиҳандаҳои асосии Сингапур.


Дар фароварди семинари мазкур, ҳамзамон рӯнамоӣ аз дастовардҳои молиявию низоми бонкии Сингапур пешкаши ҳозирин гардид.


Пас аз анҷоми семинар ва рӯнамоӣ оид ба масъалаҳои хавфҳои бонкӣ ва стратегияи пешгирӣ намудани хавфҳои мазкур дар ин давлатро ҳозирин аз иштирокчиёни гурӯҳи корӣ пурсон шуданд. Дар ниҳоят масъалаи истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта барои рушди соҳа аз ҷониби роҳбарият бо таъкид ба меҳнати содиқона ва софдилона ба халқу миллат иброз гардид. Иштирокчиён пас аз семинар ва рӯнамоӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 16.11.2018