Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
13 ноябри 2018
Низоми милли кортҳои пардохтии (НМКП)«Мир» ва БДА ҶТ «Амонатбонк» - оператори низоми пардохти миллии "Корти миллӣ" ба ҳамгироии байнисоҳавӣ мувофиқат карданд.

img

Дирӯз дар шаҳри Душанбе миёни Низоми милли кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» ва БДА ҶТ «Амонатбонк» - оператори низоми пардохти миллии (НПМ) "Корти миллӣ" имзои ҳамоҳангсозии тарафайн ва шартномаи ҳамкорӣ дар самти пардохтҳо сурат гирифт.


Лозим ба зикр аст, ки мақсад аз имзои созишномаи тарафҳо ин таҳкими равобити байнидавлатии Тоҷикистон ва Руссия ҷиҳати муомилоти ғайринақдӣ бо кортҳои “Корти миллӣ” бо асъорҳои миллии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.


Дар айни замон, як гурӯҳи кории ҷонибҳо ҷиҳати омодагӣ ва ҳалли масъалаҳои технологӣ ва ташкилотчигӣ таъсис дода шуд, ки гуруҳи мазкур мутахассисонро аз системаҳои пардохти (НМКП) «Мир» ва БДА ҶТ «Амонатбонк» - оператори низоми пардохти миллии (НПМ) "Корти миллӣ" ташкил медиҳанд. Тарафҳо тасмими ҷиддӣ гирифтанд, ки то анҷоми соли 2019 пурра масъалаҳои дар созишнома ба имзорасида ҳалли худро ёбанд.


Қобили зикр аст, ки НМКП «Мир» миёни давлатҳои ИДМ нақши боризи худро дорад. Дар самти густариши ҳамкориҳо Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бо Руссия барои Тоҷикистон муҳим буда созишнома баимзорасида як паҳлуи густариши ҳамкориҳо дар самти муоилоти ғайринақдӣ ва дастгирӣ намудани шаҳрвандони ҳарду кишвар барои бемамоният анҷом додани амалиётҳои пулӣ бо кортҳояшон ҳудуди давлатҳои ҳамдигар мебошад.


Дар навбати худ Директори генералии НМКП «Мир» Владимир Комлев иброз дошт, ки имрӯз имкони пардохти кортҳои пардохти миллӣ дар қаламрави кишварҳои дӯсти ҳамсоя марҳилаи муҳимест, на танҳо барои осон кардани шаҳрвандон, балки барои мусоидат ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Россия ва Тоҷикистон. Низоми милли кортҳои пардохтии (НМКП) «Мир» дорои имкониятҳои технологияҳои пешрафта мебошад ва мо шодем, ки бо шарикон мубодила кунем ва онҳо бидуни талоши иловагӣ аз ин имкониятҳо истифода баранд. Номбурда зикр дошт, ки пас аз имзои созишнами ҳамкорӣ шарикони мо аз давлатҳои дуст, дар баробари имкониятҳои муосири истифодаи амалиётҳои кортӣ инчунин мавқеи худро миёни дигар давлатҳои шарики НМКП «Мир» ҳифз менамоянд.



img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.01.2019