Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
16 ноябри 2018
Баргузории ҷаласа дар Раёсати Бонк бахшида ба Рузи Президент ва оғози ифтитоҳи чархаи аввали Неругоҳи Барқии обии Роғун.

img

Дар оғоз Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ҳозиринро хайрамақдам намуда бо ҷашни тантанаву шоди ҷашни нур яъне ифтитоҳи аввалин чархаи Неругоҳи Барқии обии Роғун ва рост омадани ин санаи муҳим ба Рўзи Президенти Тоҷикистон таҳният намуданд.  


     Раиси Раёсат иброз доштанд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.


      Имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин чархаи НБО «Роғун» басо рамзист. Таҷлили ин ду санаи муҳим дар як рӯз   иқдоми некест, ки барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои Президенти мамлакат заминаи устувор мегузорад.

    

        Сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.


        Пагоҳ миллати тоҷик ва тавассути инъикоси намояндагони васоити ахбори омма тамоми ҷаҳон шоҳиди ҳодисаи таърихӣ – ба истифода додани аввалин агрегати НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд.


        Қайд кардан ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ, Сарвари давлат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни сохтмон дидан карданд ва бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ бахшид.


       Хусусан 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид. Мову Шумо бо чашми худ дидем, ки дар ин рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «НБО Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.


        Ин ҳама лаҳзаҳо ва манзараҳои пурифтихорро бо сухан баён кардан бисёр мушкил аст.

        Зикр гардид, ки дар ҳар давру замон бо тақозои таърих шахсиятҳои бузурге дар арсаи сиёсат, илм, адабиёт, фарҳанг зуҳур мекунанд, ки дар раванди тараққиёти ин ё он давлат, миллат ва ё ҷаҳон нақши муҳиме аз худ мегузоранд.


         Дар таърихи миллати мо Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо арбобони маъруфи дигар саҳми бузург гузоштаанд.


        Дар давраи навини таърихи халқи мо бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ вазъияти буҳроние ба вуҷуд омад, ки ба миллати мо хатари нобудии давлат ва парокандагӣ таҳдид мекард. Маҳз ба майдони сиёсат омадани Президент Эмомалӣ Раҳмон ин хатарро аз байн бурд.       


        Дар таърихи навини халқи тоҷик Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.


       Агар бо як ҷумла ифода кунам, муҳимтарин хислате, ки сабаби маҳбубияти Президенти мо-муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шудааст, ин ваҳдати сухану амал, ватандўстию миллатдўстӣ ва фидокорӣ барои ободии сарзамин ва таблиғи мероси ғании халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.


           Ў Президенти мардумӣ мебошад. Ин аст, сабаби комёбии Президенти мо ва дастоварди таърихии мардуми тоҷик. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори дорои тафаккури стратегӣ мебошанд.


           Се ҳадафи стратегие, ки муайян карданд, аз ҷумла ҳалли масъалаи энергетикӣ барои халқу давлати мо тақдирсоз мебошад.

         Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим аст. Сохтмони он, воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист.


          Президент бо қотеият, қаҳрамонона, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони «Роғун»-ро ба марҳилаи оғози тавлиди неруи барқ расонданд ва онро то ба охир хоҳанд расонд.

         НБО «Роғун»-ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некўаҳволии мардуми он мебошад.


       НБО «Роғун» орзуву омоли халқи тоҷик буд, ки бунёди онро тамоми халқи тоҷик дар дил мепарварид.

        «Роғун» ҷабҳаи созандагӣ ва номусу ифтихори миллати сарбаланди тоҷик аст.


                                       Ҳозирини гиромӣ,


         Бо истифода аз ин фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати Рузи Президенти кишвар ва ин руйдоди таърихии ба кор даровардани аввалин чархи НБО «Роғун», ки бо обилаи кафи дасти фарзандони ин миллат ва албатта, бо сарварии Пешвои муаззами миллат сохта шудааст, самимона таҳният мегуям.


         Дар охир қайд намуданиям, ки моро мебояд воқеан ҳам барои оромию суботи ин кишвар паҳлуи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва содиқ ба ин миллату давлат бошем. Содиқ буданро бо забон не, бо амали хеш нишон диҳем.


img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.06.2019