Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
23 ноябри 2018
Ҷаласаи тантанави бахшида бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Амонатбонк.

img

Сараввал Раиси Раёсат Руҳулло Ҳакимзода ҳамаи иштирокчиёнро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, барои арҷгузорӣ ва зебо нигоҳдоштани ин муқаддасоти миллӣ дастурҳо дода, қайд намуданд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон санаи фаромушнашаванда мебошад.



Роҳбарияти Бонк иброз доштанд, ки маҳз ин хизматҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Парчами кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, нангу номуси ватандорӣ ва саъю талоши созандагии мардуми сарбаланди тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.



Дар идомаи ҷаласа сардори Идораи ҳуқуқи Раёсат, Шоира Маҷиддиён аз таърих ва фарҳангсолории ин муқаддасоти миллӣ ба иштирокчиёни ҷамъомад сухан гуфта, садоқат ба халқу миллатро қарзи шаҳрвандии ҳар як корманди Бонк арзёбӣ намуд.



Дар хотима Раиси Раёсат аз ваҳдату   сарҷамъии ин миллати куҳантаърих, ки як муддат ба парокандагӣ рӯ ба рӯ буду акнун зери ин парчам ҳаёти орому осоишта ба сар мебарад, шукргузорӣ намуда   ба ҳамаи ҷамъомадагон хонаи обод ва садоқат ба халқу миллатро таманно намуд.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018