Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
24 ноябри 2018
Ифтитоҳи бинои нави маркази хизматрасонии бонкии №380 дар ҷамоати деҳоти “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рўзи баргузории Иди Парчами давлатӣ.

img

Дар ҷамоати деҳоти “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар рўзи баргузории Иди Рўзи Парчами давлатӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бахшида ба ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори навбатии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ва соҳибкорони маҳаллӣ дар шафати роҳи асосӣ дар ҷойи ба аҳолӣ қулай бо иштироки Раиси ноҳияи Вахш Шарбаталӣ Азизулло, Сардори Шуъбаи назорати марказҳои хизматрасонии бонкии Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Нидозода Додарбек, намояндагони касбу кори гуногун, собиқадорони ҷангу меҳнат, мактаббачагон, бинои нави маркази хизматрасонии бонкии №380-и филиали №44-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Вахш дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд.



Бинои нави МХБ барои гузаронидани амалиётҳои бонкии интиқоли маблаѓҳо, мубодилаи асъор, қабули маблаѓҳои комуналӣ, пардохти нафақа ва кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва пешниҳоди қарзҳои хурд мутобиқи талаботҳо сохта шуда, шароитҳои хубро вобаста ба қабули муштариён доро мебошад.


Ҳамзамон мавқеи ҷойгиршавии бинои нав барои 37-ҳазор аҳолии гирду атроф қулай буда, бо таҷҳизотҳои зарурии корӣ таъмин гардидааст.


Ҳангоми расми ифтитоҳи бинои нави корӣ, баромадкунандагон Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Донаев Тоир, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокини 105-солаи ин ҷамоати деҳот Умиров Тохтар, нафақахур Умаев Эргаш- миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муааззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба Роҳбарияти БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷиҳати фароҳам овардани чунин шароитҳои қулайи истифодабарии хизматрасониҳои бонкӣ изҳор намуда, барои беҳдошти фаъолияти маркази хизматрасонии бонкӣ ва Амонатбонк ҳамчун Бонки мардумӣ дуои нек доданд.



Ҳамчунин, миннатдории Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Руҳулло Ҳакимзода ба соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсоне, ки дар бунёди ин бинои нави маркази хизматрасонии бонкӣ саҳм гузоштаанд, расонида шуд.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 14.12.2018