Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
22 ноябри 2018
Семинари машваратӣ оид ба муоширати касбии кормандон

img

Имрўз дар дасгоҳи марказии Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тибқи нақшаи тасдиқгардида, бо иштироки кормандони Раёсат, семинари омўзиши дар мавзуи «Қоидаҳои одоби муоширати касбии кормандон - Этикаи бонкӣ» аз ҷониби устоди Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Сабрина  Ясакиева  гузаронида шуд.    


Семинари мазкурро муовини Раиси Раёсат Бахтиёр Маҳмудзода, кушода эълон намуда қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳое, ки диққати низоми бонкиро ба худ ҷалб намудааст, ин этикаи касбии бонкӣ ва мушкилиҳои он мебошад.    


Мақсад аз баргузории семинари омузишӣ, ин баланд бардоштани савияи дониши кормандон хусусан, дар сатҳи хазинадорон ва кормандони бо мизоҷон сару кори доимӣ дошта мебошад.


Дар идомаи семинар, устоди донишгохи мазкур, Сабрина  Ясакиева ба иштирокчиён аз қоидаҳои одоби муоширати касбӣ, хушмуомилагӣ, лутфу марҳамат, ва малакаву маҳорати хуби хизматрасонӣ, ки вазифаи асосӣ   барои кормандон мебошад, ибрози андеша карданд.

img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 21.01.2019