Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
12 декабри 2018
Амонатбонк бонки мардумӣ ва ҳамеша дар хизмати мардум.

img


БДА ҶТ «Амонатбонк» имрўз дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки ҷомеа ҳамчун ягона бонки давлатӣ нуфузу оборуи худро дорад.


Бонк дар миёни институтҳои молиявии кишвар мавқеи намоёнро ишғол намуда барои хизматрасониҳои саривақти ба мизоҷон самти фаъолияти худро равона намудааст.


Амонатбонк имрўз барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳукумати кишвар дар самти некуаҳволии мардум ва саҳмгузор будан дар рушди самтҳои гуногуни афзалиятноки кишвар фаъолияти самараноки худро равона намудааст.


Маҳз ҳамин масъулиятшиносии Роҳбарият буд, ки аз ҷониби Раёсати Бонк дар кутоҳтарин муддат барои саҳмгузор будан дар ободии Пойтахти кишвар якчанд майдончаҳои варзишӣ барои сокинони Пойтахт вобаста ба ҷойҳои пешниҳодгардидаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд.


Ин масъулиятшитносиро ба инобат гирифта БДА ҶТ «Амонатбонк» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шахри Душанбе бо Раҳматнома кадрдони гардид.


Ин албатта Роҳбарият ва кормандони Бонкро бори дигар вазифадор менамояд, ки барои саҳмгузор будан ва баланд бардоштани ному шарафи Пойтахти кишвар ва ҷумҳури меҳнати софдилонаро ба роҳ монанд.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.06.2019