Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
14 декабри 2018
Вохўри бо намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .

img

Имрўз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк бо иштироки кормандони дастгоҳи маркзӣ ва намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назаров Мансурҷон, Муслиҳиддин Хоҷамиров ва Қаландаров Бобомурод ҷаласа баргузор шуд.


Дар оғоз муовини Раиси Раёсат  Бахтиёр Маҳмудзода ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфта ба иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» дар БДА ҶТ «Амонатбонк» ин яке аз вазифаҳои асосии Роҳбарияти Бонк мебошад.


Сипас, намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирӣ намудани ҳамагуна амалҳое, ки хилофи қонунҳои амалкунада ҳастанду ба қонуншиканиҳо низ роҳдодаанд ба ҷамъомадагон, ёдовар шуданд.


Дар анҷоми ҷаласа ба иштирокчиён таъкид гардид, ки дар ҳама ҳолат кору фаъолияти намунавӣ ва хизмати софдилона ба халқу ватанро, вазифаи ҷонии худ донанд.


Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.03.2019