Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 феврали 2019
Баргузории нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2018.

img

Нимаи дуюми рўз дар толори маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ воқеъ дар бинои Маркази Тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти солонаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2018 бо иштироки васеи рўзноманигорон аз васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар баргузор гардид.

Дар нишаст Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ , муовинони Раис ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд. Нахсут Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли сипаришуда  ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

Сипас аз ҷониби рўзноманигорон вобаста ба масъалаҳои саривақтӣ бо пули нақд таъмин намудани банкоматҳо, бозомузии кормандон дар хориҷи марз аз ҷисоби бонувон-кормандони Бонк, қарзҳои таъхирафтода ва масъалаи баргардонидани ин қарзҳо, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкии фаъолияти шабонарўзи дошта, ҷалби  бештари занон ба кор дар Бонк, зиёд намудани постерминалҳо дар марказҳои хизмати маишӣ ва истироҳатӣ ва барҳам додани иқтисодӣ пинҳонӣ, бартараф намудани навбатпоиҳои тўлонӣ дар назди банкоматҳо, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар осоишгоҳҳои кишвар ва пешниҳоди қарзҳо аз маблағҳои инвсетитсионии ҷалбшуда суолҳо пешниҳод гардиданд, ки Раиси Раёсат ба ҳамаи суолҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас доданд.

Дар иртибот ба ин оиди натиҷаҳои молиявии Бонк дар соли сипаришуда ҳамаи рўзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ таъмин гардиданд, ки тамоми маълумот вобаста ба фаъолият дар соли ҳисоботӣ дарҷ гардида буд. Дар фароварди нишаст Раис аз ҳамаи рўзноманигорон сипосгузорӣ намуда даъват ба амал оварданд, ки танҳо ҳамкориҳои ҳасана миёни ВАО ва Бонк омили пешравиҳо дар кор ва рафъи камбудиҳо хоҳад буд.

img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.04.2019