Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
07 марти 2019
Вохўрии Раиси Раёсат бо бонувони дастгоҳи марказии Бонк бахшида ба «Рўзи модар»

img

Дар иртибот ба ҷашни «Рўзи модар» Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ бо бонувони дастгоҳи марказии Раёсати Бонк вохўрӣ анҷом доданд. Сароғоз Раиси Раёсат перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин маърўза намуданд. Раиси Раёсат аз мавқеи зан дар ҷомеа ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дастгирии занон дар ҷамъият ва ҳамзамон таъкидҳояшон дар самти зиёд намудани шумораи бонувон дар Бонк гуфта гузаштанд. Аз ҷониби Раис таъкид гардид, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ имрўз сафи занон дар Бонк ба 42% расидааст, ки ин натиҷа ҳанӯз ҳам кам аст ва дар ин самт моро мебояд бештар таваҷҷӯҳ намоем. Раиси Раёсат таъкид доштанд, ки ҳар нафари мо бояд бо самимият ва садоқат ба ватану миллат, хизмат намоем. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Бонк ба ҳамаи бонувони дастгоҳи марказӣ туҳфаҳои пули ва гулдастаҳо тақдим карда шуд. Дар анҷоми вохўрӣ, Раиси Шўрои бонувони Дастгоҳи марказии Бонк, Шаҳло Раҳимзода аз номи ҳамаи бонувони Раёсат сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати ҷалби бештари занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ дастгирӣ карда, бо арзи сипос ба Раис Раёсат ваъда доданд, ки барои ба боварӣ сазовор шудан, ҳамаи бонувони Бонк бо меҳнати содиқона фаъолият хоҳанд кард.
img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 24.05.2019