Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
07 марти 2019
Ташрифи ҳайати кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ба БДА ҶТ «Амонатбонк»

img

Дар доираи ҳамкориҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» нимаи дуюми рўз гурўҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) ба Амонатбонк ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси Раёсати Бонк, муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ қабул намуданд. Дар мулоқот сардорони воҳидҳои сохтории Бонк низ иштирок доштанд. Сароғоз меҳмонон аз вазъи молиявии Бонк пурсон шуда, ба суолҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд. Дар рафти вохўрӣ, меҳмонон аз вазъи сандуқи қарзии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя ва қарзҳои таъхирафтодаи Бонк маълумот дархост намуданд. Раиси Раёсат иброз доштанд, ки ҳар моҳ мушоҳидаи зиёд шудани дороиҳо ба назар мерасад. Ҳайати кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) бештар нисбати қарзҳои батаъхирафтода ва таъсири қарзҳои мушкилситон ба сандуқи қарзии Бонк, баландравии қурби асъори хориҷӣ ва асари он ба батаъхирёбии қарзҳо, паст шудани қурби арзи миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар шароити буҳрони молиявӣ пурсон шуданд. Дар самти таъсири қурби асъори хориҷӣ ба сандуқи қарзӣ ҳамин нуқта қайд карда шуд, ки қисми зиёди қарзҳо бо пули миллӣ пешниҳод шудаанд. Ҳамаи қарзҳои бо асъори хориҷӣ ва асъори миллӣ додашуда бо гаравҳо таъмин мебошанд ва доир ба ҳалли ин масъала стратегияи ҷадиде дар якҷоягӣ бо БМТ омода шудааст, ки он натиҷаи мусбат хоҳад дод. Дар самти боварии мардум ба бонкҳо Раиси Раёсат гуфтанд, ки эътимоди мардум ба Бонк рўз ба рўз зиёд шуда истодааст ва тасдиқи он афзоиш ёфтани пасандозҳои аҳолӣ мебошад, ки маблағи онҳо беш аз 1.3 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бонк барои боз ҳам паст кардани фоизи пасандозҳо ва дар ин раванд кам намудани фоизи қарзҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ мондааст то, ки барои мизоҷон боз ҳам шароити беҳтари қарздиҳиро муҳайё намояд. Дар поёни мулоқот, ҳайати кории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) аз фаъолияти БДА ҶТ «Амонатбонк» изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори густариши ҳамкориҳои судманд шуданд.
img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 24.05.2019