Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
05 апрели 2019
Шанбегии дастаҷамъона баҳри саҳмгузорӣ дар ободонии Пойтахт.

img

Барои дар амал тадбиқ намудани дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ», бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва кормандони Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" баҳри саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва шаҳри Душанбе, шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми кормандони дастгоҳи марказии Бонк дастаҷамъона иштирок намуданд. Дар шанбегӣ, кормандон дар тоза кардани гузаргоҳ, нарм намудани бехи гулҳо ва дарахтони сояафкани боғи мазкур, ки дар рӯ ба рӯи бинои Раёсат ҷойгир шудааст, саҳми худро гузоштанд. Лозим ба зикр аст, ки Раиси Раёсат муҳтарам Сирољиддин Икромӣ барои иштироки фаъолонаи кормандон дар маъракаҳои фарҳангию сиёсӣ, бахусус корҳои ободонию ҷамъиятӣ таваҷҷўҳи махсус медиҳанд, иштироки фаъолонаи кормандон дар шанбегӣ гувоҳи фаъолияти созандаи Роҳбарияти Бонк маҳсуб меёбад. Роҳбарияти БДА ҶТ «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар дар тамоми филиал ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ корҳои ободониро анҷом дода, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ саҳмгузор бошанд. Бояд ёдовар шуд, ки боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ», рӯзи 27-уми сентябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.
img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.06.2019