Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
06 апрели 2019
Вохӯрии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ.

img

Имрӯз Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ, ҳайати Бонки ҷаҳониро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд. Ин навбат ҳайати кории Бонки ҷаҳониро дар Амонатбонк, Адлият Абдуманапова ва Фархад Карагусов намояндагӣ намуданд. Сароғоз Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ аз самтҳои фаъолияти Амонатбонк ва мавқеи Бонк дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ ибрози ақида намуда, тазаккур доданд, ки Амонатбонк ҳамчун Бонки пиёдакунандаи сиёсати иҷтимоии давлат имрўз мавқеъ ва нуфузи худро дар миёни аҳолӣ нигоҳ дошта, ҳамзамон эътимоди мардум рўз ба рўз ба бонк бештар гардидааст. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ Бонк ҷиҳати ҷавобгўй будан ба талаботи ҷаҳонӣ хизматрасониҳои муосирро ба роҳ мондааст, ки имтиёзҳои бештарро барои аҳолӣ фарогир мебошад. Мақсади асосии мо ин хизматрасониҳои саривақтӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок бо зиёда аз 75 филиал ва 546 марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мебошад. Меҳмонон лоиҳаи идоракунии корпоративӣ, гузаронидани тренингҳои омӯзиширо дар соҳа пешниҳод намуданд, ки он аз ду марҳила иборат мебошад. Марҳилаи якуми ин лоиҳа омӯзиши пурра, таҳлил ва хулосаи фаъолияти кории соҳаро дарбар мегирад. Марҳилаи дуюм, ба ҳайати кории намояндагон шомил намудани мутахассиси бонк ва мусоидат намудан барои дастрасӣ ба тамоми маълумотҳои пешниҳодшуда оиди омӯзиши фаъолияти соҳа мебошад. Дар мулоқот Сироҷиддин Икромӣ қайд намуданд, ки аз ҷониби мо ҷиҳати боз ҳам рушд додани самтҳои фаъолият аллакай гурӯҳи мутахассисони қарзӣ омода шуда истодаанд, ки ин барои пешниҳоди қарзҳои хурду калон ва аз байн бурдани хавфи барнагаштани қарз мусоидат менамояд. Раиси Бонк иброз доштанд, ки мо дар самтҳои мухталиф фаъолияти самаранокро ба роҳ мондаем, ки аллакай натиҷаҳои мусбӣ дода истодааст. Дар хотима, Раиси Раёсат барои ҳамкории доимии судманди Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, хостори ҳамкориҳои судманд шуданд.
img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.06.2019