Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
11 апрели 2019
Давраи сеюми курси омӯзиши малакаҳои тренерӣ ба анҷом расид.

img

Нимаи дуюми имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ бо мудирон ва кормандони шуъбаҳои қарзии филиалҳои шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ, вохўрӣ анҷом доданд. Сараввал Раиси Раёсат ба иштирокчиён аз одоби муошират бо мизоҷон, тарзу усули пешниҳоди қарз, таҳлили фаъолияти қарзгир, аз байн бурдани хавфҳои қарзӣ, кафолати қарзи гирифташуда, эҳтимолияти батаъхир афтодани қарз ва беҳгардонии сандуқи қарзӣ, ёдовар шуданд. Бояд қайд намуд, ки аз 1-ум то 6- апрели соли ҷорӣ дар Раёсати БДАҶТ “Амонатбонк”, давраи сеюми курси омӯзиши малакаҳои тренерӣ, тибқи Барномаи таҳия намудаи Департаменти қарздиҳии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Маркази таълим ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» дар назди «Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон» (АМФОТ), барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандон ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз миёни кормандони филиалҳои Амонатбонки ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба роҳ монда шуда ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Бонк, дар тамоми филиалҳои миқёси ҷумҳурӣ идома дорад. Ин навбат Раиси Раёсат муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ ба 15 нафар кормандон-экспертҳои қарзӣ сертификатҳои курси омӯзиширо тақдим намуда, таъкид доштанд, ки ҳар нафари дорандагони Сертификати экспертҳои (санҷишгарони) қарзӣ вазифадоранд барои иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои қарзгир, ки дар шартнома дарҷ мешавад масъулиятшинос буда, манфиати миллиро аз манфиати шахсӣ боло дониста, фаъолияти созандаи худро баҳри пешрафти кор дар соҳа равона намоянд. Дар фарҷоми вохӯрӣ, Раиси Раёсат ба ҳамаи иштирокчиён дастуру супоришҳо дода, иброз доштанд, ки барои саҳмгузор будан дар рушди соҳа кӯшиш ба харҷ диҳанд.
img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 13.06.2019