Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
25 апрели 2019
Вохӯрӣ бо намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур.

img

Дирўз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Бонк бо иштироки кормандони дастгоҳи маркзӣ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҷаласа баргузор шуд. Дар оғоз Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфта ба иштирокчиёни ҷаласа иброз доштанд, ки ҲХДТ ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд. Сипас, муовини Раис, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Изатуллои Ҳабибзод қайд намуд, ки ҲХДТ дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари Ҳизб, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд гувоҳӣ медиҳад. Дар хотима Раиси Раёсат шукргузорӣ аз ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ намуда, ба ҳамаи ҷамъомадагон хонаи обод ва садоқат ба халқу миллатро таманно намуданд.
img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 24.05.2019