Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
04 июни 2019
Вохӯрии кормандони Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

img

Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии муовинони Раиси Раёсат, Фирдавс Ризвонзода ва Шаҳло Сайфзода инчунин муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ ҷаласа баргузор гардид. Сараввал, Фирдавс Ризвонзода ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, вобаста ба саҳми занон дар пешбурди сиёсати давлат ва фаъолияти бонувон дар низоми бонкӣ суханронӣ карда, аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар ба ҳозирин ёдовар шуданд. Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Олимӣ дар бораи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои тартиб ва риояи ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷониби занон муайян карда шудааст, суханронӣ карда, амалишавии ин равандро дар «Амонатбонк» ҳатмӣ ҳисобиданд. Дар хотима, Фирдавс Ризвонзода иброз доштанд, ки ҳар як кормандро зарур аст, ки бо дасту дили пок иҷро намудани вазифаҳои ба зимма доштаашонро ба ҷо оварда, дар ободонии Ватану миллат саҳмгузор бошанд.
img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 19.06.2019