Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
06 марти 2020
Таҷлили «Рўзи модар» дар БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

Имрӯз дар иртибот ба ҷашни «Рўзи модар» дар маҷлисгоҳи БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Бонк муҳтарам Сироҷиддин Икромӣ, шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода ва аҳли кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Бонк, чорабинӣ баргузор гардид.

Сараввал Раиси Раёсат ҳамаи бонувонро ба «Рўзи модар» табрик намуда, перомуни бузургии зан-модар ва эҳтироми зан дар ҷомеа ба ҳозирин ёдовар шуда, иброз доштанд, ки ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани “Рўзи модар” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшан аз ҷойгоҳ ва мақому манзалати воло доштаи бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Баъдан шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, ҳунарпешаи халқии ИҶШС, роҳбари гурӯҳи рақсии “Зебо“, Зебо Аминзода аз фазилат ва бузургии модар ёдовар шуда, аз ашъори худ ва шоирону нависандагони адабиёти тоҷик порчаҳои шеър қироат намуданд.

Инчунин, Раиси Шўрои ҷавонони Дастгоҳи марказии Бонк, Сарбоз Фаррухзода аз номи ҷавонон ва кормандон, иштирокчиёнро бо қироати шеър аз ашъори Лоиқ Шералӣ табрик намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Раёсат ба ҳамаи бонувон туҳфаҳои молиявии омоданамудаи Иттифоқи касаби Бонк, тақдим карда шуд.
img img img img img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 10.04.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк