Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
14 марти 2020
Иштироки фаъолонаи кормандони “Амонатбонк” дар “Рӯзи дави Наврӯзӣ” ва “Марафони велосипедронӣ”.

img

     Имрӯз бори аввал бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ, дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба сазовор таҷлил гирифтани ҷашни “Наврӯз” Марафони велосипедронӣ ва дави Наврӯзӣ баргузор гардид.

     Бояд қайд намуд, ки мавзеи сабқат барои иштирокчиёни чорабинии мазкур аз гардиши товус, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳи пойтахт муайян карда шуда, масофаи умумии тай карда шуда, 5км -ро дарбар мегирифт, ки дар ин чорабинии варзишӣ, беш аз 60 нафар кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Амонатбонк” ширкат варзиданд.

     Нафароне, ки дар марафони велосипедронӣ ва дави Наврӯзи ҷойҳои намоёнро соҳиб мешаванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.
img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 10.04.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк