Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
20 марти 2020
Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар БДА ҶТ “Амонатбонк”.

img

Имрӯз дар бинои нави БДА ҶТ “Амонатбонк” Наврӯзи оламафрӯз бошукуҳ таҷлил гардид. Чорабини бо оро додани хони ҳафт сину ҳафт шин ва барномаи фарҳангии омоданамудаи кормандони Бонк оғоз гардид. 

Дар чорабинии Наврӯзи собиқ Раисони Бонк Искандар Давлатов, Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Гулнора Ҳасанзода ва Руҳулло Ҳакимзода иштирок ва суханрони  намуда, ҳозиринро ба муносибати фаро расидани ҷашни Наврўзи байналмилалӣ бо камоли меҳр ва садоқати бепоён табрику муборакбод гуфтанд.

Раиси Раёсати  БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. дар табрикоти идонаи худ таъкид сохтанд, ки Наврўз ойинаест, ки дар он унсурҳои ҳаёти маънавию фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву варзишии ниёгони мо инъикос шудааст. 

Азамати Наврўзи ҷаҳонафрўз ба таъриху тамаддун ва фарҳангу маданияти миллати тоҷик фарру шукўҳ мебахшад. Барҳақ, Наврўз китобест, ки дар он таъриху фарҳанг ва афкору ахлоқи ҷаҳонбинии халқи тоҷик сабт гардидааст. 

Фарҳанги Наврўз ибтидои ҳамаи фарҳангҳо ва сарчашмаи зулоли маърифат аст, ки аз азал то ба имрўз  мазрааи умеду орзуи миллати моро шодоб менамояд. 

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон ҷашни Наврўз  дар доираи  маҳдуд  таҷлил  мегардид. Истиқлоли давлатӣ ба Наврўз шукўҳи ҷовидона бахшид. 

Дар идомаи чорабини кормандони Амонатбонк ба меҳмонон намоиши театрикунонидашуда бо иштироки Баҳори нозанин ва Бобои Деҳқонро пешниҳод намуданд. 

Дар хотима, роҳбарияти Бонк бори дигар меҳмонони олиқадро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, иброз намуданд, Наврўзи хуҷастапай ба хонадони тоҷику тоҷикистониён файзу баракат орад ва  дари олами умеду орзуҳои навро ба рўйи сокинони Тоҷикистони хуршедӣ боз намояд.



img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 10.04.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк