Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
13 июли 2020
Ҷаласа аз фаъолияти шашмоҳаи БДА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2020.

img

     Имрӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” ҷаласа аз фаъолияти шашмоҳаи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2020 бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. муовини Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Файзулло, муовини Директори Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Толибов Фирдавс, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Амонатбонк Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, сардори Раёсати назорати таъйину пардохт ва андӯхтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримиён Имомназар, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва мудирони филиалҳои минтақавию ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

     Сараввал Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С. меҳмононро хайрамақдам намуда, барои маърӯза кардан ба ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар нимсолаи якум суханро ба муовини Раиси Раёсат Сайфзода Ш.Ҷ. доданд. 

     Шаҳло Сайфзода дар оғоз ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори 23 солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки санаи тақдирсоз ва фаромўшнашаванда аст самимона табрик гуфта, дар ин давраи мушкилии имрўза вобаста ба пандемияи COVID-19 ба мардуми Тоҷикистон саломатӣ бардавом таманно намуда, бо истифода аз ин фурсат ба ҳар як корманди Бонк, ки дар 75 филиал ва 546 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар самти татбиқи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии давлат ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳои бонкӣ, дар давраи мушкилӣ эълон шудан ва авҷ гирифтани бемории COVID-19 бо реҷаи муқаррарии корӣ ба мардуми шарифи кишвар хизматрасонӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ намуданд.

     Қайд карда шуд, ки фаъолияти Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ дар низоми бонкдории мамлакат бо хусусияти махсуси худ фарқкунанда буда, ба зиммаи он амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат вогузор мебошад.Ин боварии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ масъулияти Бонкро дар самти хизматрасонии саривақтию босифат рўз аз рўз бештар намуда истодааст.

     Бонк дар ҷавоб ба ин боварӣ кўшиши ҳамешагӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои стратегии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бо назардошти устуворнигоҳдории вазъи молиявии Бонк, пешгирии хавфи пардохтпазирӣ, қарзӣ, амалиётӣ ва умуман хавфҳои бонкӣ, вусъати қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, суботи пули миллӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди кору хизматрасонӣ, густариши муносибатҳо бо шарикони хориҷӣ ва ғайраҳо равона намудааст.

     Натиҷаи чунин тарзи коргузорӣ, татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули қарорҳои дахлдор аз рўи натиҷаи фаъолияти соли 2019, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Раиси Раёсати Бонк, қарорҳои қабулнамудаи Раёсати Бонк ва дар ин замина муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонк барои соли 2020 имкон дод, ки дар маҷмӯъ рушди босуботи соҳа нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои асосӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин гардида, заминаи асосии эътимоднокии бонкҳо ин пардохтпазирии онҳо мебошад.

     Дар иртибот ба ин, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани пардохтпазирии Бонк, ҳатто пардохтпазирии лаҳзавии он таҳти назоратӣ доимӣ қарор дорад. Ин аст, ки то ба имрӯз Бонк тамоми уҳдадориҳои худро дар назди амонатгузорон ва шарикони рушди дохилию хориҷӣ сари вақт иҷро намуда истода, дар ин самт мушкилӣ надорад.

     Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ даромади Бонк то андозбандӣ 31,1 млн. сомонӣ ва баъди андозбандӣ 23,9 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 17,5% зиёд мебошад. Нақшаи пешбинишуда бо пуррагӣ таъмин гардидааст.

        Амонатбонк бо мақсади саҳмгузорӣ ва ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 44,3 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 млн. сомонӣ ва ё 42,5% зиёд мебошад.

    Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Амонатбонк ҷиҳати паст намудани фоизи қарзҳо, дастрасии соҳибкорон, махсусан, молистеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон, саҳмгузорӣ дар татбиқи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар маҷмуъ зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.

     Бояд қайд намуд, ки Амонатбонк фаъолияти худро дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат бахшида, аз оғози ҷалби сармоягузориҳо 69,5 млн. доллари ИМА ҷалб намудааст, ки бо истифодаи маблағҳои қарзӣ дар 51 шаҳру ноҳияи кишвар 79 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат амалӣ кардааст.

      Тавре дар боло қайд намудем, ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори истеъмолии ҷумҳурӣ вобаста ба давраи пандемияи COVID-19, соли ҷорӣ Бонк дар айёми кишту кор қарзи “Кишоварз”-ро ҷорӣ намуд ва баъдан боз ҳам ба хотири дастгирии кишоварзон мӯҳлати онро то 15 июни соли ҷорӣ тамдид намуд.

     Танҳо аз ҳисоби ин иқдом, Бонк то ба имрўз ба 3490 нафар муштарӣ барои кишту кори баҳорӣ аз ҷумла, барои харидорӣ намудани тухмӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди замин, пардохти ҳаққи хизмати коргарон, хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва хариди сўзишворӣ ба андозаи 51,9 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст.

        Бояд қайд намуд, ки дар Бонк бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба пасандоз ҷалб намудани маблағҳои интиқолии ба ҷумҳурӣ воридшаванда, пасандози муҳлатноки “Ҳамватани бурунмарзӣ” роҳандозӣ шудааст.

     Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини шаффофият дар пешбурди амалиётҳо аз рӯи пасандозҳои муҳлатнок, пешгирии хавфи омилҳои инсонӣ, дастрасии хизматрасониҳо ба муштариён ва ба таври муосир мутобиқгардонии ин намуди хизматрасонӣ, Амонатбонк иловатан кортҳои пардохтии бонкиро ба пасандозгузорони худ дастрас намуд.

     Дар баробари ин, дар рўзҳои наздик барномаи мобилии Бонк, ки бо мақсади ҷалби амонату пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ, махсусан аз ҳисоби маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ тарҳрезӣ шудааст, дар шакли нав фаъол мегардад. Ин хизматрасонӣ барои гузаронидани маблағҳои интиқолӣ аз кортҳо ва ҳамёнҳои электронӣ ба пасандозҳо хело қулай мебошад.

      Бонк дар маҷмўъ бо 7 663 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 адад зиёд мебошад.Шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар расидааст.

      Маврид ба зикр аст, ки имрўзҳо Амонатбонк бо 16 бонкҳои хориҷӣ бо истифода аз 43 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.Теъдоди банкоматҳои харидоришуда дар Бонк ба 284 адад ва постерминалҳо ба 1739 адад расонида шудааст. Аз ҷумла, ба ҳолати имрӯза 537 адад постерминалҳои Бонк дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб карда шудаанд. Бонк тасмим дорад, ки чунин постерминалҳоро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар насб намояд.

   Дар натиҷа гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 277,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд аст. Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 3,9 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7% зиёд мебошад.

         Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи қабули андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз 300 нуқтаи қабул дар марказҳои хизматрасонии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода аз барномаи “Қабули пардохтҳо” фаъолият намуда истоданд, ки пайвастшавии 65 адади он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.

Бонк бо мақсади ҷалби мутахассисони ҷавону ихтисосманд ва дорои қобилияти таҳлилӣ, Бонк мунтазам озмун баргузор менамояд. Аз ҷумла, дар озмунҳое, ки дар давраи ҳисоботӣ баргузор гардиданд, шумораи 326 нафар довталабон иштирок карданд, ки аз ин шумора бо дарназардошти   касбият, маҳорати ояндабинӣ ва таҳлилӣ, инчунин забондонӣ 215 нафари онҳо ба кор қабул карда шуданд, ки 89 нафари онҳоро бонувон ташкил мекунанд.

         Ба раванди зиёд намудани шумораи занон дар соҳа вусъат бахшида, шумораи онҳоро ба 1241 нафар расонидем, ки 43%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, шумораи занон дар дастгоҳи марказӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ зиёд шуда, ба 129 нафар расидааст.

      Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Раёсат, муҳтарам Икромӣ С.С. ба ҳамаи мудирони филиалҳо ҷиҳати самаранок пеш бурдани фаъолият ва бо натиҷаҳои назарас ноил гардидан дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.


img img img img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк