Фаъолият Хабарҳо интернет-бонк
21 июли 2020
Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020.

img

 

      Сӯбҳи имрӯз тибқи тартиби муқаррарнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор-маҷлисгоҳи Раёсати БДА ҶТ ”Амонатбонк” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020 бо иштироки васеи рўзноманигорон аз ВАО-и дохилу хориҷӣ кишвар баргузор гардид.

 

     Дар нишасти мазкур Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ С.С, масъул аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон, муовинони Раис ва сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати Бонк ширкат доштанд.

    Дар оғоз Раиси Раёсат Икромӣ С.С. оид ба натиҷаҳои молиявии Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуданд.

    Баъдан аз ҷониби рўзноманигорон вобаста ба мавқеи БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ миёни бонкҳои дохилӣ, масъалаҳои саривақт бо пули нақд таъмин намудани банкоматҳо, пешниҳоди қарзҳои Ҷумҳурии Узбекистон, саривақ пардохт намудани маблағҳои нафақа, қарзҳои имтиёзнок, мӯҳлати қарзҳои истеъмолӣ ба шаҳрвандон бо фоизҳои дастрас, маблағҳои ғайринақдии воридшуда тариқи постерминалҳои Бонк дар шаш моҳи соли ҷорӣ, арзиши кортҳои пардохтии бонкӣ, кӯмакпулиҳо ба ниёзмандон дар давраи пандемияи КОВИД 19, зиёд намудани марказҳои хизматрасонии бонкии фаъолияти шабонарўзӣ дошта ва ҷалби бештари занон ба кор дар Бонк ва суолҳо вобаста ба самти фаъолияти соҳа пешниҳод гардиданд, ки аз ҷониби Раиси Раёсат Икромӣ С.С. посухҳои мушаххас гардонида шуд.

    Бояд қайд намуд, ки боваста ба нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи БДА ҶТ «Амонатбонк» дар соли 2020 ҳамаи рўзноманигорон бо Варақаҳои иттилоотӣ (ПРЕСС-РЕЛИЗ) таъмин карда шуданд.

    Дар хотимаи нишаст, Раиси Раёсат муҳтарам  Икромӣ С.С.  аз ҳамаи рўзноманигорон сипосгузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳамкориҳо миёни васоити ахбори омма ва Бонк омили пешравиҳо дар соҳа хоҳад буд.


img img img img img img img img img img img img
Ба қафо

Қурби мубодилавии Амонатбонк дар 05.08.2020

Пайвастшавӣ ба СМС-бонк